Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти гӯштфурӯшон. Панҷ нафарро барои баланд бардоштани нарх протоколи маъмурӣ карданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти панҷ нафар гӯштфурӯш хабар дод, ки худсарона нархи гӯштро баланд кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои «Баҳор», «Садбарг» ва хиёбони Рӯдакӣ дӯкони гӯшт доранд, худсарона нархро қиммат кардаанд. Нархномаи гӯшт, ки дар дӯкони онҳо 75 сомонӣ навишта шудааст, ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои беасос баланд бардоштани нарх протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки бо мақсади пешгирии худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”