Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Шоми бокс”. Аввалин муҳорибаи Давлат Болтаев дар соли ҷорӣ
Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик аввалин муҳорибаашро дар соли 2025 дар мусобиқаи “Шоми бокс”-и Маскав бо муштзани рус Рамазон Карнукаев доир намуд.
Варзишгарон шаш раунд ҷангида, ғолибро муайян карда натавонистанд. Бо қарори доварон муҳориба мусовӣ арзёбӣ гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки Давлат Болтаев моҳи апрели соли гузашта дар мусобиқаи доираи “Шоми Бокс” дар Алмаато муқобили муштзани қазоқ Сагиндик Тогамбай сабқат карда, пирӯз шуда буд. Аз он пештар, моҳи октябри соли 2022 Давлат Болтаев дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ бар Муҳиддин Раҷапбаев аз Ӯзбекистон зафар ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев муштзани соҳибноми тоҷик буда, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва медали тиллоӣ Бозиҳои 19-уми Осиёӣ Ҳангжоу-2022 мебошад. Ӯ дар корномаи касбиаш шаш муҳориба гузаронида, дар панҷтоаш ғолиб омада, дар муҳорибаи охираш мусовӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”