Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қатар: «Ҳамла ба Эрон Халиҷи Форсро “бидуни об, моҳӣ ва ҳаёт хоҳад кард»
Сарвазири Қатар Шайх Муҳаммад бинни Абдураҳмон Оли Сонӣ дар суҳбат бо рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Токер Карлсон гуфт, ки ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон боиси сар задани ҷанг дар тамоми минтақа шуда, фоҷеаи инсониро ба бор меорад.
Шайх Муҳаммад бинни Абдураҳмон Оли Сонӣ, сарвазири Қатар ҳушдор дод, ки ҳамлаи эҳтимолӣ ба муассисаҳои атомии Эрон Халиҷи Форсро “бидуни об, моҳӣ ва ҳаёт” хоҳад кард. Ӯ хостори роҳи ҳалли дипломатӣ барои пешгирӣ аз ҳамлаи низомӣ ба Эрон шудааст. Сарвазири Қатар таъкид кардааст, ки ҳамлаи низомӣ ба Эрон боиси “ҷанге хоҳад шуд, ки ба саросари минтақа густариш меёбад”.
Сарвазири Қатар бо ишора ба наздик будани муассисаҳои атомии Эрон ба Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Кувейт зикр кардааст, ки Давҳа нисбат ба Эрон наздиктар ба ин муассисаҳо ҳастанд.
“Қатар ба ҳеч ваҷҳ аз ҳеч гуна иқдоми низомӣ ҳимоят нахоҳад кард. Мо то замоне, ки ба роҳи ҳалли дипломатӣ нарасем, даст аз талош бар нахоҳем дошт” – гуфтааст сарвазири Қатар.
Шайх Муҳаммад бинни Абдураҳмон Оли Сонӣ дар ҳоле дар бораи ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон ҳушдор медиҳад, ки Доналд Трамп чанде қабл гуфта буд, Эрон ду гузина дар ихтиёр дорад ё музокира ё ҳамлаи низомӣ ба муассисаҳои атомиаш.
Доналд Трамп дар охирин паёмаш гуфт, ки ба роҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нома навишта ва хостори музокира дар хусуси барномаҳои атомии Эрон шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”