27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
10.03.2025 11:18

Қатъи кумакҳои Амрико. Доналд Трамп аз Владимир Зеленский имтиёзҳои бештар талаб дорад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанде қабл дар қатори қатъи кумакҳои моливу низомӣ Украинаро аз дастрасӣ ба иттилооти моҳвораӣ маҳрум кард. Доналд Трамп мехоҳад бо таҳти фишор қарор додани мақомоти феълии ҳукумати Украина бар иловаи конҳои камёб, имтиёзҳои бештаре ба даст оварад.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки Доналд Трамп дар суҳбати ғайрирасмӣ гуфтааст, ки аз Владимир Зеленский имтиёзтҳои бештар, аз ҷумла вогузории қаламрави Украина ба Русия ва баргузории интихоботи зудҳангомро мехоҳад.

Телевизиони “НБС”-и Амрико аз қавли як мақоми амрикоӣ хабар дод, ки Доналд Трамп ба тими музокиракунандаи амрикоӣ гуфтааст, фақат созишномаи конҳои камёб бо Украина басанда нест. Ӯ гуфтааст, ки президенти Украина Владимир Зеленский барои додани имтиёзҳои бештар бояд омода бошад.

Тибқи иттилоъ, Доналд Трамп мехоҳад созишномае фаротар аз конҳои камёби Украина ба имзо расад.

Амрико хоҳони тағйири муносибати Украина ба сулҳ бо Русия, вогузор намудани қаламрави бештари Украина ба Русия ва ҳамчунин, истеъфои Владимир Зеленский аз мақоми президентӣ аст.

Дар ин ҳафта тимҳои музокиракунандаи Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ бар сари масъалаҳои калидии Украина музокира хоҳанд кард. Владимир Зеленский чанде қабл гуфта буд, ки барои имзои созишномаи конҳои камёб омодааст, ба Вашингтон сафар кунад.

Сухангӯи Шурои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Брайан Ҳюз дар посух ба суоле гуфтааст: “Бо ҷаласаҳое, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, мо бо иштиёқ интизори шунидани иқдомҳои мусбат ҳастем, ки умедворем дар ниҳоят ба ин ҷанги ваҳшиёна ва хунрезӣ поён медиҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.