27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
10.03.2025 10:01

Гузоришгари СММ: Толибон бештар занони тоҷик ва ҳазораро боздошт мекунанд

Гузоришгари махсуси Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Ричард Беннет чанд рӯз қабл дар хусуси вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон гузориш дода, таъкид кард, ки гурӯҳи террористии Толибон аксаран занони тоҷику ҳазораро боздошт ва шиканҷа мекунанд.

Қорор аст ин гузориши Ричард Беннет дар нишасти 56-уми Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хонда шавад. Дар гузориш ба поймолшавии густурдаи ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон, қатлҳои саҳроӣ дар сояи ҳукумати Толибон ишора мешавад.

Бар асоси ин гузориш, Толибон аз моҳи январи соли 2023, ки гузориши қаблии Ричард Беннет нашр шуд, то моҳи марти соли 2024  бар зидди занон, омӯзиш, созмонҳои имдодрасон ва фаъолиятҳои ҳуқуқи башар 24 дастури ҷадид содир кардаанд. Дастурҳои содиркардаи Толибон ба буҳрони инсонӣ дар ин кишвар доман задааст.

Дар гузориши Ричард Беннет таъкид мешавад, ки дар моҳи январи соли 2023 гурӯҳи террористии Толибон бо содир кардани фармон фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии хориҷиро, ки дар заминаи барномаҳои омӯзишӣ фаъолият мекарданд, боз дошта ва ҳузури занон дар барномаҳои радиоӣ ва телевизиониро дар канори муҷриёни мард манъ кардаанд.

Тибқи гузориш, роҳбари Толибон дар моҳи январи соли 2023 бо як дастур манъи фаъолияти ороишгоҳҳои занонаро дар тамоми Афғонистон содир кард. Ба дунболи он, фаъолият ва кори занон дар давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ куллан манъ шуд.

Ричард Беннет гузориш додааст, ки занон ва духтарони Афғонистон аксаран ба иттиҳоми мухталиф, аз ҷумла риоя накардани ҳиҷоби иҷборӣ боздошт мешаванд. Бештарини боздоштҳо дар минтақаҳое сурат мегирад, ки дар он ҷо аксарияти тоҷик ва ҳазораҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар гузориши қаблии Ричард Беннет ба боздоштҳои ҳадафмандонаи занони тоҷику ҳазора дар шаҳри Кобул ишора шуда буд.

Ричард Беннет дар бахши дигари гузориши худ таъкид кардааст, ки дастгоҳи судии гурӯҳи террористии Толибон тамоми судяҳо ва коркунони омӯзишдидаи ниҳодҳои судиро ихроҷ ва ба ҷойи онҳо “муллоҳои бе салоҳияти қонунӣ ва бо дарки маҳдуд аз шариат” – ро ҷойгузин кардаанд.

“Толибон бо ниҳодина кардани ситами ҷинсиятӣ ба нигаришҳои занситезона машруияти бештаре бахшидаанд. Аз ҷумла, сохторҳои қудрат тамоман мардона аст, ки як системаи судии ғайрирасмӣ ба шумор меравад”- гуфтааст Ричард Беннет.

Дар бахши дигар Ричард Беннет аз қатлҳои ҳадафманди гурӯҳи Толибон ёд кардааст, ки аксаран қурбониёни он занон, кормандони давлати пешин, судҳо ва донҷишҷӯён мебошанд.

“Ин қатлҳо дар хонаҳои ин афрод, маконҳои умумӣ ва боздоштгоҳҳо рӯх додааст ва қурбониён умуман дифоъгарони ҳуқуқи башар, вакилон, додситонҳо, судҳо, донишҷӯён, муаллимон, афсарони полис ва бисёре аз онҳо занон ҳастанд”- гуфтааст Ричард Беннет.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.