27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
07.03.2025 14:01

Дабири СММ: Мухолифони Толибон дар 3 моҳи гузашта 91 ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар гузориши ҷадиди худ тасдиқ намуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон дар давоми се моҳи гузашта 91 ҳамлаи мусаллаҳона бар зидди ин гурӯҳи террористӣ анҷом додаанд.

Бар асоси гузориш, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 53 маротиба ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон 21 маротиба бар зидди Толибон амалиёти мусаллаҳона анҷом додаанд. Инчунин, Ҷабҳаи иқтидори мардум низ як ҳамла анҷом додааст.

Раҳбарии Ҷабҳаи иқтидори мардумро баъзе аз вакилон ва мансабдорони ҳукумати пешини Афғонистон ба уҳда доранд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки масъулияти 16 ҳамлаи дигарро то ба ҳол ҳеч гурӯҳе ба уҳда нагирифтааст.

Дар гузориши Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ зикр шудааст, ки мухолифони Толибон дар се моҳи гузашта Вазорати корҳои дохилии Толибон дар Кобул ва пойгоҳи низомии Багром дар вилояти Парвонро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Масъулияти ҳамла ба Вазорати корҳои дохилии Толибон дар Кобулро, ки рӯзи 29-уми декабри соли 2024 сурат гирифт, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар уҳда гирифта буд.

Дар гузориши Дабири кулли  Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки то охири моҳи январи соли 2025 фақат 3,5 фоиз кумакҳои муҳим барои мардуми Афғонистон таъмин  шудааст. Ин кумакҳо дар доираи “Барномаи ниёзҳои башардӯстона ва посух ба онҳо” барои соли 2025 барои расонидани кумак ба 16,8 миллион нафар ирсол шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки дар маҷмуъ 22, 9 миллион нафарро дар Афғонистон шиносоӣ кардаанд, ки ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд.

Тибқи гузориш, аз 242 миллиард доллари зарурӣ барои такмили барномаи мазкур, фақат 3,5 фоиз маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Афғонистон аз солҳои 2023 то 2025 камтар аз 11%, яъне 2,53 миллиард доллари зарурӣ ҷамъоварӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки буҳрони башардӯстона дар Афғонистон шиддат мегирад ва бисёре аз созмонҳои кумакрасон аз набудани маблағҳои кофӣ барои расонидани ёрӣ таъкид мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.