27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
07.03.2025 13:03

СММ дар Қазоқистон барои Афғонистон ва Осиёи Марказӣ “Маркази минтақавӣ” таъсис медиҳад

Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифтааст, ки барои масъалаи вобаста ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон Маркази минтақавӣ таъсис диҳад.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳадафҳои рушди устувор барои Афғонистон ва Осиёи Миёна дар шаҳри Алмаато таъсис хоҳад ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфтааст, ки ин маркази СММ ба як платформаи муҳимми ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Қазоқистон рӯзи сешанбе, 4-уми март Маҷмаи умумии СММ бо тасмими 152 кишвар қарор дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ин созмон барои ҳадафҳои рушди устувор барои Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Алмааторо тасдиқ кардааст.

Қосим-Жомарт Токаев ин тасмими СММ-ро муваффақияти назарраси сиёсати хориҷии Қазоқистон арзёбӣ карда, аз пуштибонии ҳамаи кишварҳое, ки ин қарорро дастгирӣ кардаанд, қадрдонӣ кардааст.

Президенти Қазоқистон Қосим – Жомарт Токаев дар ин бора, ҳамчунин, чунин таъкид кард: “Мо ҳамеша тарафдори он будем, Осиёи Миёна як минтақаи сулҳ ва рушд бошад, ки бо ҳамаи минтақа ва кишварҳо ҳамкории мутақобила дорад. Рушди устувори шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо бевосита аз амният ва субот дар минтақа вобаста аст, ки шомили вазъияти Афғонистон низ мебошад”.

Ҳадафи асосии маркази нави СММ ҳамоҳангсозии агентҳои СММ бо ҳукуматҳои кишварҳои минтақа мебошад. Фаъолияти он ба татбиқи ҳадафҳои асосии барномаи СММ то соли 2030, ки мубориза бо фақр, муҳофизат бо муҳити зист, баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва фароҳам кардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи одамон аст, нигаронида шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.