Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири Қирғизистон: “Таҷрибаи бадастомада дар Роғун барои бунёди Қабарота-1 муҳим ва арзишманд аст”
Раиси Девони вазирон - роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев дар доираи сафари расмӣ бо роҳбаладии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, аз наздик ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таҷрибаҳои андӯхташуда дар заминаи бунёди неругоҳҳои барқи обӣ шинос гардид.
Дафтари матбуоти сарвазири Қирғизистон менависад, ки дар ҷараёни сафар Адилбек Касималиев бо технология, усул, таҷрибаҳои истифодашуда дар ин сохтмон ошно шуда, таъкид кард, ки таҷрибаи бадастомада дар сохтмон барои Қирғизистон муҳим ва арзишманд аст.
Дар мулоқот роҳбарияти Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо сарвазири Қирғизистон оид ба ҳолати кунунии корҳо, хусусияти техникӣ ва нақши он дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ва минтақа тавзеҳ дод.
Дар ҷараёни боздид Адилбек Касималиев таҷрибаи махсуси сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” –ро барои Қирғизистон муҳим ва арзишманд тавсиф кард.
“Таҷрибае, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун шакл гирифтааст, барои мо арзиши калон дорад. Омӯзиши технология ва усулҳое, ки дар ин ҷо истифода мешавад, бе шубҳа ба мо кумак хоҳад кард, то лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Қабарота-1, ки барои амнияти энергетикии кишварамон ва тамоми минтақа аҳмияти стратегӣ дорад, бо муваффақият амалӣ кунем” – хулоса кардааст сарвазири Қирғизистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”