Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳукумати Ҳинд сафорати Афғонистонро ба Толибон месупорад
Расонаҳои ҳиндӣ навиштанд, ки ҳукумати Нарендра Моди барои густариши ҳамкорӣ бо Толибон эҳтимолан сафорати Афғонистон дар Деҳлиро ба ин гурӯҳи террористӣ вогузор мекунад.
Тибқи гузориши рӯзномаи “Дакн Ҳералд” сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ то ҳанӯз расман ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҳукумати давраи Ғанӣ ва Карзай) фаъолият мекунад.
Овозаи супоридани сафорати Афғонистон дар Ҳинд ба гурӯҳи Толибон дар ҳоле паҳн мешавад, ки қаблан ин кишвар консулгарии Афғонистон дар Бомбайро ба намояндаи Толибон супорид. Ҳинд дар талош аст, ки равобит бо гурӯҳи террористии Толибонро густариш диҳад. Мақомоти олирутбаи Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд дар Теҳрон ва Қатар бо мақомоти Толибон дидору гуфтугӯ ҳам доштаанд.
Рӯзномаи ҳиндӣ навиштааст, ки қарори додани сафорат ба Толибон пас аз дидори Амирхон Мутаққӣ бо Викрам Мисрӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҳинд дар Дубай содир мешавад.
Ҳамчунин, дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон дар Деҳлӣ гуфтаанд, ки мақомоти ҳукумати Ҳинд барои таҳвил додани сафорат ба Толибон омодагӣ мебинанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”