Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Русия бар зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ қоидаҳои нав ҷорӣ мешавад
Аз рӯзи 5-уми марти соли 2025 дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия қонунҳои нав татбиқ мешаванд ва ҳадафи он пурзӯр намудани назорат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ гуфта мешавад.
Бар асоси тағйироте, ки дар қонунҳои муҳоҷират ворид шудааст, полиси Русия акнун ҳақ дорад ба хонаҳои муҳоҷироне, ки дар арафаи депорт қарор доранд, дастрасии озод дошта бошад. Қоидаҳои нав ба ҳамаи хориҷиёне рабт дорад, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.
Қоидаҳои нав ба кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия иҷозат медиҳад, ки ба маълумоти телефони мобилии муҳоҷирон, макони зист, гардиши молиявӣ дар системаи пардохти муҳоҷирон дастрасӣ дошта бошанд. Ба полиси Русия иҷозат дода мешавад, ки аз мақомоти давлативу кишварҳои хориҷӣ маълумот оид ба асрори тиҷорат, бонк ва андоз дархост намоянд.
Тибқи қонунгузории нав оид ба муҳоҷират муассисаҳои молиявӣ вазифа доранд, ки маълумот дар хусуси ҳисобҳои бонкӣ ва гардиши молиявии муҳоҷиронро ба полис пешниҳод намоянд.
Чораҳои нави бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бар фармони қаблии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин оид ба ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон рабт дорад. Президенти Русия чанде пеш дар хусуси ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гуфт: “Пешгирӣ ва бастани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи муасиру фаъолияти воситаҳои муосири назорат зарур аст”.
Дар қонуни нав оид ба муҳоҷират зикр шудааст, ки хориҷиён бояд ё зуҳури худро дар кишвар қонунӣ созанд ё то 30-уми апрели соли 2025 қаламрави Русияро тарк кунанд. Дар сурати риоя накардани қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, аз ҷумла аз Русия депорт карда мешаванд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ин тадбирҳо дар доираи пурзӯр намудани назорат бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини риояти қонун дар соҳаи муҳоҷират андешида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”