27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
07.03.2025 11:03

Содир Ҷабборов эътирози депутати қирғиз дар бораи Достук ва Ворухро “холосаи демагогӣ” номид

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар эътироз ва интиқоди депутат Ойҷигитов Султонбой дар хусуси созишномаи сарҳадӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон вокуниш нишон дода, изҳороти ӯро “хулосаи демагогӣ” номид.

Президенти Қирғизистон дар посух ба изҳороти депутат гуфт, ӯ дар муддати се рӯз хомӯш буд ва ҳоло чаро ногаҳонӣ мавқеашро тағйир дода, нисбат ба созишнома мухолифат нишон медиҳад.

Депутати маҷлиси намояндагони Қирғизистон чанд рӯз қабл созишномаи сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистонро зери суол бурда, гуфт деҳаҳои Достук ва заминҳои Ворух дубора баргардонида шаванд. Ӯ дар изҳороташ гузаштҳои ҷониби Қирғизистонро зикр намуда, мегӯяд: “Дар созишнома ҷониби Тоҷикистон талаб мекунад, ки деҳаи Достук пурра ба онҳо дода шавад. Мо бо онҳо розӣ шуда монеаҳоро бардоштем. Аҳамияти стратегӣ доштани деҳа дар он аст, ки намегузошт каридор барои ҳамсоя боз шавад ва сокинони маҳаллӣ марзро ҳимоя мекарданд”.

Дар вокуниш ба ин изҳорот Содир Ҷабборов таъид кард, ки “Дар суханрониаш депутат дар бораи Ворух суҳбат мекунад. Ба назар мерасад, ки мо 19, 5 ҳазор гектар замин додем. Вале ин заминҳои Ворух дар гузашта ва аз ибтидо 14, 5 ҳазор гектар  дар ихтиёри онҳо буд. Ӯ инро хуб медонад. Вай аз Бодканд аст. Илова бар ин губернатори он маҳал низ буд”.

Содир Ҷабборов илова ба ин таъкид кард, ки ғайр аз ин, сокинони Ворух ҳамеша 5 ҳазор гектар ҳамвориҳоро дар ин минтақа истифода мекарданд. Ӯ гуфт, ки сокинони маҳаллӣ танҳо ба воситаи Ворух ба ин ҳамвориҳо дастрасӣ доштанд ва ҳоло ин ҳамвориҳоро ҳеч кас истифода намекунад.

 “Роҳи дигаре ба он ҷо нест. Пас онҳо пешниҳод карданд, ки ҳамаи ҳамвориҳоро ба мо диҳед ва бар ивази он мо ба шумо 5 ҳазор гектар дар ҷойи дигар замин медиҳем. Аммо мо рад кардем. Мо на ҳамаи 5 ҳазор гектар, балки 1 ҳазор гектарро муомила кардем. 1 ҳазор гектарро нигоҳ доштем ва бар ивази он 1 ҳазор гектар ҳамвориҳоро дар Чон-Алай гирифтем”- таъкид кард Содир Ҷабборов.

Дар хусуси Ворух Содир Ҷабборов зикр кард, ки 14,5 ҳазор гектари он заминҳое ҳастанд, ки дар гузашта сокинони Ворух аз он истифода мекарданд ва депутат Оҷигитов Султонбой ин воқеиятро таҳриф мекунад.

“Ҳоло дар бораи деҳаи Достук гап мезанад. Гӯё ин дарвозаи Ворух аст. Ворух куҷо, Достук куҷо? Онҳо дар ҷойҳои мухталиф ҷойгир мебошанд”- гуфт Содир Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон таъкид кард, ки дар масъалаи мубодилаи замин ҳеч кишвар ҳадафҳои стратегиро пайгирӣ намекард ва мо деҳаеро додем ва дар дигар минтақа деҳаеро гирифтем.

“Зеро ин заминҳо ё анклаванд ё ба шакли шахмат ҷойгир шудаанд ё мустақиман бо деҳаҳои мо марз доранд. Дар ҳалли марз миёни ду давлат намешавад танҳо манфиатҳои як деҳаро ба назар гирифт” – таъкид кард Содир Ҷабборов.

Содир Ҷабборов гуфт, ки дар бораи созишномаи сарҳад гап зиёд аст, вале баъди ҳалли масъала гап мезанем.

Президенти Қирғизистон бо ишора ба ин, ки дар бораи марз ҳарф зиёд аст ва баъди аз ҳалли масъала ҳарфҳо гуфта хоҳанд шуд, таъкид кард: “Як ҷумлаи ӯ (манзур Султонбой Айҷигитов- шарҳи мо) диққати маро ҷалб кард. Вай гуфт: “Дар шартнома зикр шудааст, ки он бемуҳлат  ва бетағйир аст, ин дуруст нест. Ба фикри ӯ, мо бояд ҳар сол баҳс кунем? Барои заминҳо мубориза барем ва тир паронем? Сарҳад ҳалли худро ёфтааст. Хат дар ниҳоят мушаххас шудааст ва манфиатҳои ҳар ду тараф ба назар гирифта шудаанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.