27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
07.03.2025 08:46

Табъизҳои ҷинсии Толибон монеи ҷарроҳии духтарони бемори Афғонистон шудааст

Рӯзномаи “Телеграф” дар як гузориш таъкид кардааст, ки “апартоиди ҷинсӣ” –и Толибон монеи ҷарроҳии духтарони бемор дар ин кишвар мешавад.

Тибқи ин гузориш, духтарони Афғонистон маҷбур шудаанд, ба “дуоҳои динӣ ва доруҳои анъанавӣ”  рӯ оваранд. Дар бисёре аз ҳолатҳо ин навъи табобат ҳаёт ва саломатии онҳоро зери хатар қарор медиҳад.

Ин рӯзнома бо истинод ба маълумоти тиббии нав аз Афғонистон хабар додааст, ки зиёда аз 80% ҷарроҳиҳои анҷомшуда дар як маркази кӯдакона дар Кобул фақат барои писарон сурат гирифтааст.

Рӯзномаи мазкур ба воситаи мусоҳиба бо табибон фош кардааст, ки Толибон бо маҳдудиятҳои эҷоднамудаи худ монеи ҷарроҳии духтарони бемор шудаанд. Маҳдудиятҳои Толибон дастрасии духтарону занон ба хизматрасонии тиббиро мушкил кардааст.

Ин рӯзнома бо Гулнисо, як сокини ғарби Афғонистон суҳбат кардааст, ки шаҳвараш дар як муноқишаи оилавӣ дар деҳаашон кушта шудааст. Ӯ ба рӯзномаи “Телеграф” гуфтааст: “Духтари ҳаштсолаи ман сулфаи сахт дошт ва ман чан бор кӯшиш кардам, ки ӯро назди табиб барам. Ҳар вақте, ки дар канори роҳ меистодам, мунтазири мошин мешудам, то моро ба беморхона барад. Толибон назди ман меомаданд ва мепурсиданд, ки шавҳарат куҷост? Ман мегуфтам, ки ӯ мурда - кушта шудааст”. Гулнисо гуфтааст, ки Толибон суханони ӯро бовар намекарданд ва ӯро ба “дурӯғгӯӣ ва қасди гуноҳ” гумонбар менамуданд.

Дар қисмати дигари гузориши рӯзномаи “Телеграф” зикр шудааст: “Дар Афғонистони зери ҳукмронии Толибон бисёре аз касоне, ки барои духтаронашон аҳамият қоиланд, кишварро тарк намуданд ва онҳое ки боқӣ мондаанд, барои зинда мондан мубориза мебаранд.

Толибон бо қонунҳои сахгиронаашон ва маҳдудиятҳо бар зидди занону духтарон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан мавриди интиқод қарор гифтанд. Чанде қабл Вазорати корҳои хориҷаи Олмон дар баёнияе гуфт, ки Толибон барои занону духтарон дар Афғонистон “зиндони иҷтимоӣ” сохтаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.