Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазири меҳнат дар Данғара ба шароити касбомӯзӣ шинос шуд
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара рафта, бо шароити мавҷуда ва ҷараёни касбомӯзии шаҳрвандон дар курсҳои кӯтоҳмуддат шинос шуд.
Ҳамчунин, вазири меҳнат ба сатҳу сифати таълим ва мусоидати масъулин ҷиҳати ба кор таъмин кардани хатмкунандагони марказ таваҷҷуҳ намуд.
Гуфта мешавад, ки заминаи моддию техникии маркази мазкур барои омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шуда, шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои мутахассиси коркарди меваю сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва таъмиргари асбобҳои рӯзгор ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра таъсис дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”