Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аз Русия баргардед. Ӯзбекистон аз муҳоҷирон хост барои сохтани “Тошканди нав” ба ватан баргарданд
Дар пайи шикоятҳо аз ҳузури густурдаи намояндагони зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозори кори Федератсияи Русия, мақомоти Ӯзбекистон аз шаҳрвандони худ хост аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, дар Ӯзбекистон дар бунёди “Тошканди нав” саҳм гузоранд.
Ӯзбекистон лоиҳаи бузургеро муаррифӣ кард, ки бар асоси он шаҳри “Тошканди нав” –и замонавӣ сохта мешавад. Барои сохтани шаҳри нав коргар лозим аст ва аллакай ташкилотҳои сохтмонӣ коргар меҷӯянд.
Мақомоти Ӯзбекистон пешниҳод кардаанд, барои онҳое ки ба ватан бармегарданд ва дар сохтмони “Тошканди нав” ширкат мекунанд, музди меҳнати зиёдтар аз Русия пардохт карда мешавад. Дар ин хусус, Вазорати шуғли аҳолӣ ва камбизоатии Ӯзбекистон хабар додааст.
Дар чанд ҳафтаи ахир Вазорати шуғли аҳолӣ ва камбизоатии Ӯзбекистон ҳамроҳ бо сафорати Ӯзбекистон дар Русия эълон нашр карда, шаҳрвандони Ӯзбекистонро барои кор дар дохили кишвар даъват намудаанд.
Сафорати Ӯзбекистон дар Русия хабар дода буд, ки ташкилотҳои сохтмонии кишвар барои шаҳрвандон 10 ҳазор ҷойи кор пешниҳод кардаанд. Дар эълонҳо гуфта шудааст, ки барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандон ба маркази тамоси наве, ки дар робита ба масъалаи муҳоҷират боз шудааст, муроҷиат кунанд.
“Дар ҳақиқат, ин пешниҳод таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандонро ҷалб кард, ки мехоҳанд дар соҳаи сохтмон кор кунанд. Ҳар рӯз қариб ҳазор занг ворид мешавад”- таъкид кардааст вазорати мазкур.
Вазорати шуғли аҳолӣ ва камбизоатии Ӯзбекистон гуфтааст, ки бинобар зиёд шудани зангҳо аз тариқи маркази тамос онҳо як боти телеграмӣ ташкил кардаанд ва шаҳрвандон аз он ҷо метавонанд маълумоти иловагӣ гиранд.
Тибқи иттилоъ, ширкатҳое, ки дар сохтмони лоиҳаи “Тошканди нав” иштирок мекунанд, барои 10 ҳазор шаҳрванд ҷойҳои корӣ бо 38 ихтисос пешниҳод кардаанд. Музди меҳнат аз 8 то 15 миллион сум (тақрибан 50-100 ҳазор рубл” дар як моҳ аст.
Вазорат хабар додааст, барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷ, махсусан Русия фаъолият мекунанд, маркази тамос дар ҳама минтақаҳо фаъол мебошад.
Мақомоти Ӯзбекистон гуфтаанд, тибқи маълумоти оморӣ 26% муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия изҳор намудаанд, ки дар соли ҷорӣ ният доранд ба Ӯзбекистон баргарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”