Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон бо қабули қонун мехоҳад истифодаи “зеҳни сунъӣ”-ро танзим ва маҳдуд кунад
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки истифодаи системаи зеҳни сунъиро, ки дахолати инсонро комилан истисно мекунад, манъ кунанд. Дар ин хусус расонаи “Vlast.kz” хабар додааст.
Бар асоси иттилоъ, ин масъала дар лоиҳаи қонун “Дар бораи зеҳни сунъӣ” ва тағйиру иловаҳои ҳамрадифи он баррасӣ шудааст. Ин қонун 3-уми марти соли ҷорӣ дар парлумони Қазоқистон баррасӣ гардид.
Бар асоси лоиҳаи қонун, дар қаламрави Қазоқистон эҷод ва татбиқи системаҳое, ки бидуни мудохилаи иснон қарор қабул мекунанд, мамнуъ мешавад. Дар ин кишвар бо чунин меъёри қонун мехоҳанд эҳтимоли оқибатҳои аз назорат хориҷ шудани онро коҳиш диҳанд.
Дар қонун таъкид шудааст, ки соҳибон ва таҳиягарони зеҳни сунъӣ бояд корбарони худро аз он огоҳ кунанд. Ҳамчунин, принсипи кори онро шаҳр диҳанд.
Бар асоси тағйирот системаҳои зеҳни сунъӣ дар кишвар вобаста ба сатҳи хатари он тасниф карда мешаванд.
“Системаи таҳдидҳои кам имрӯз таваҷҷуҳи танзимгаронро талаб намекунад. Аммо системаҳои хатари миёна ва баланд тибқи қонун танзим мешаванд. Инҳо он системаҳое мебошанд, ки барои ҳаёту саломатии инсон, идораи давлатӣ ва қабули қарорҳо дахл доранд”- мегӯяд намояндаи парлумони Қазоқистон Екатерина Смишляева.
Бахши дигари тағйироти қонун ба ҳифзи шадидтари маълумоти шахсӣ ва пешгирӣ аз манипулятсияҳо равона шудааст. Аз ҷумла, маҳдудиятҳои қатъӣ дар хусуси истифодаи зеҳни сунъӣ барои арзёбии одамон аз рӯйи хусусиятҳои иҷтимоӣ, беометрӣ ва рафтор ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин, эҷод ва истифодаи зеҳни сунъие, ки рафтори инсонро манипулятсия кунад, мамнуъ мегардад.
Дар ниҳоят қонуни мазкур заминаи асосии ҳуқуқи таъсиси платформаи зеҳни сунъиро фароҳам мекунад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон зарурти чунин платформа солҳо боз муҳокима мешавад.
Президенти Қазоқистон ҳанӯз дар соли 2023 изҳор дошта буд, муваффақияти ин кор ояндаи Қазоқистон ва ҷойгоҳи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххас хоҳад кард. Ӯ ваъда дода буд, ки шахсан назорати онро ба даст мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”