Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ронандае роҳрӯби 54-соларо пахш кард ва ӯ дар бемористон ҷон дод
Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар доданд, 2-уми марти соли ҷорӣ ронандаи мошини тамғаи “Toyota Estima” – Асрор Меликов дар ҷараёни ронандагӣ зани 54-сола, корманди Хадамоти комуналиро пахш намудааст. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯй додааст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса тақрибан соати 13:30 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Антифан” рӯй додааст.
Баъди рӯй додани садама, ронандаи мошин Асрор Меликов ӯро ба беморхона интиқол медиҳад, вале мутаассифона, бинобар ҷароҳатҳои вазнин ӯ ҳамон рӯз ба ҳалокат мерасад.
Ҳоло нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани он аз сӯйи полиси шаҳри Душанбе таҳқиқ мешавад.
Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки солҳои ахир бо сабаби тасодуфҳои нақлиётӣ ҳазорон нафар дар Тоҷикистон ба ҳалокат мерасанд.
Дар айни ҳол мақомот хабар доданд, ки Тоҷикистон дар нақша дорад “Стратегия ва нақшаи амалиёти бехатарии ҳаракати роҳ барои солҳои 2025-2035”-ро таҳия намояд.
Барои омода намудани ҳуҷҷати мазкур дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва Бонкӣ миллӣ семинари корӣ баргузор гардид.
Бар асоси омори расмӣ дар соли 2024 дар Тоҷикистон 1233 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст ва дар натиҷаи он 552 нафар ҳалок шуда, 1353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”