27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
05.03.2025 12:40

Неруи кор намерасад. Русия ба ҷойи Осиёи Марказӣ аз Мянмар неруи кор ҷалб мекунад

Мақомоти Русия мегӯянд саҳти бекорӣ дар ин кишвар ба 2,% расидааст. Ин дар ҳолест, ки президенти ин кишвар Владимир Путин камбуди неруи корро барои иқтисодиёти Русия як мушкили бузург арзёбӣ кард.

Рӯзи сешанбе вазири иқтисоди Федератсияи Русия таъкад кард, ки барои ҷуброн намудани камбуди неруи корӣ дар пайи ҷалби муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои осиёӣ, бахусус Мянмар мебошанд.

Дар айни ҳол, шаҳрвандон аз кишварҳои Шӯравии пенин қисми асосии неруи корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд.

Хабаргузории “Интерфакс” ба нақл аз вазири иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников навишт: “Мо набояд танҳо ба кишварҳое, ки ба ҷалби муҳоҷирон аз онҳо одат кардаем, муҳдуд шавем.

Мо бояд ба кишварҳои нав назар андозем, зеро дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки ба таври фаъол ва огоҳона неруи кори худро ба хориҷа мефиристанд. Мо бояд барои ин омода бошем.”

Вазири иқтисоди Федератсияи Русия эълон кард, ки ин кишвар дар айни замон дар ҳоли гуфтугӯ бо Мянмар мебошад. Кишваре, ки тақрибан 6 миллион нафар аз ҷамъияти 55 миллиониаш дар хориҷа кор мекунанд.

“Мо комилан дарк мекунем, ки бидуни танзими дурусти муҳоҷират таъмин намудани неруи корӣ барои иқтисоди кишвар бисёр душвор хоҳад буд. Ин масъалаҳоро бояд ба таври рӯшан баррасӣ карда, дар бораи он гуфтугӯ кунем”- таъкид кардааст Максим Решетников.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе Владимир Путин дар Кремл бо Мин Аун Хлайн, роҳбари низомӣ ва сарвари ҳукумати Мянмар мулоқот кард.

Кишварҳои Русия ва Чин аз ҳукумати низомии Мянмар ҳимоят мекунанд. Дар Шурои амнияти СММ ин ду кишвар қатъномаи Шурои СММ дар хусуси поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Мянмарро вето карда буданд.

Гуфта мешавад, ки бахши саноати дифоии Русия ва бахшҳои ғайринизомии ин кишвар ба камбуди неруи корӣ шадидан рӯ ба рӯ шудаанд. Илова ба ин, бо фиристодани даҳҳо ҳазор сарбози рус ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 садҳо ҳазор нафар ин кишварро тарк кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.