27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
05.03.2025 12:28

Бо ташаббуси Русия ва Осиёи Марказӣ. СММ бахшида ба 80-умин ҷашни Ҷанги дюми ҷаҳонӣ қатънома қабул кард

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодкардаи Русия оид ба 80-умин солгарди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳониро тасдиқ кард. Бар асоси ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид  тасмим гирфтааст, ки маҷлиси тантанавии Маҷмаи умумии СММ-ро барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг баргузор намояд.

Қатъномаи мазкур бо иттифоқи райъ қабул гардид. Ин қатънома аз ҷониби Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Кореяи Шимолӣ ва Эрон пешниҳод шудааст.

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид қалан аз кишварҳои узви созмон даъват намуд, ки ин қатъномаро ҷонибдорӣ карда, бо ин кор ба хотираи ҳамаи онҳое ки барои ҷаҳони бидуни нажодпарастӣ ҷон нисор кардаанд, арҷ гузоранд.

Бар асоси қатъномаи қаблушуда Маҷмаи умумии СММ бояд дар ҳафтаи дуюми моҳи майи соли 2025 ҷаласаи хоси тантанавӣ баргузор кунад. Инчунин, пешниҳод шудааст, ки чунин ҷаласаҳо дар оянда ҳар панҷ сол баргузор гардад.

Қатъномаи мазкур ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони воқеиро даъват мекунад, ки рӯзҳои  8-9-уми майро ҳамчун ёдбуди қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гиромӣ доранд.

Дар қисми муқаддимавии қатъномаи Маҷмаи Умумӣ аз ҳамаи кишварҳои узви СММ даъват шудааст, ки аз таҳдиди истифодаи нерӯ ё истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ худдорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ ҳолати тавсиявӣ дошта, иҷрои он барои ҳама кишварҳо ҳатмӣ нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.