Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳамкорӣ бо блогерон. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ хост?
Масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва инъикоси имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ карданд.
Дар вохӯрии мазкур Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгони миллати тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамчунин, ба кишвар омадани меҳмонони хориҷӣ дар назар аст, ки ин барои нашру муаррифии фарҳангу тамаддун ва Наврӯз хеле муҳим аст.
Дар ин росто, гуфта шуд, ки блогерон ва намояндагони ВАО барои муаррифии фарҳангу дастовардҳо ва имконоти сайёҳии кишвар саҳми назаррас дошта метавонанд. Ҳамкории блогерон, ки садҳо ҳазор обуначӣ доранд, аз ҳар ҷиҳат барои масъулини сохторҳои гуногун муфид аст.
Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи мақомот ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида, дар ин замина бо блогерони фаъол ҳамкорӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”