27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
05.03.2025 10:13

Вазирони тоҷику рус дар бораи воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ суҳбат намуданд

Вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба воситаи нишасти маҷозӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар нишасти маҷозии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оксана Лут, вазири кишоварзии Федератсияи Русия масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Зимни гуфтугӯ, ҷонибҳо доир ба татбиқи нақшаи роҳ миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Русия барои солҳои 2023-2025 ва таҳким додани ҳамкориҳои минбаъда дар самти савдои дуҷонибаи маҳсулоти кишоварзиву озуқаворӣ, ворид кардани тухмии навъи элитаи зироати кишоварзӣ ва содирот намудани моҳӣ табодули афкор намуданд.

Вазирони ду кишвар дар хусуси воридоти тухмии лаблабуи қанд, лаблабуи хӯроки чорво, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ, фитосанитарӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани вазъи муътадили эпизоотикӣ изҳори назар намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.