Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нашри китоб дар Тоҷикистон. “Ислом ва экология” ба раиси Шурои уламо тақдим гардид
Кумити ҳифзи муҳими зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби роҳнамои “Илмо ва экология”-ро омода ва нашр намудаанд.
Ҳадафи нашри китоб баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои экология ва таблиғи он дар миёни мардум гуфта мешавад.
Бар асоси иттилоъ, 100 нусхаи китоби “Ислом ва экология” ба Маркази Исломии Тоҷикистон супорида шуд. Маросими супоридани китоб бо ширкати раиси Шурои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода доир гашт.
Дар ин маросим намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист роҳҳои татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи захираҳои об ва иқлимро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тозагӣ, риояи тартибот, ҳифзи муҳити зист вазифаи ҳар як инсон аст ва фалсафаи исломӣ чунин арзишҳоро пуштибонӣ менамояд.
Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода таъкид кард, ки нашри китоби “Ислом ва экология” ба густариши шуури экологӣ дар ҷомеаи мусоидат намуда, равобити байни таълимоти диниву мушкилоти муосири экологиро мустаҳкам менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”