Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
CASA-1000 соли 2027 фаъол мешавад. Барқи Тоҷикистону Қирғизистон то ба Покистон мерасад
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки хати интиқоли барқи фароминтақавии CASA-1000 то соли 2027 пурра ба истифода дода мешавад. Ба асоси иттилои вазорати мазкур, зерсохтҳои лоиҳаи интиқоли барқ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расидааст.
Лоиҳаи тарҳи интиқоли барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ солҳо боз мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифт ва дар ниҳоят дар соли 2026 кишварҳо барои оғози кори он созишнома имзо намуданд. Лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 барқи Қирғизистону Тоҷикистонро ба кишварҳои Афғонистону Покистон интиқол медиҳад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии лоиҳаи CASA-1000 пурра сохта шудааст. Ӯ зикр кардааст, ки қисмати покистонии лоиҳаи мазкур дар нимсолаи соли 2025 такмил хоҳад шуд.
“Лоиҳаи CASA-1000 бузургтарин тарҳи минтақавист, ки бо ширкати чор кишвар амалӣ мегардад. Хушбахтона, корҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон пурра ба анҷом расидаанд. Дар Покистон сохтмон бо суръати баланд идома дорад. Интизор меравад, ки сохтмон дар Покистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба анҷом расад” – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Вазири тоҷик дар робита ба қисмати афғонистонии лоиҳаи мазкур изҳори назар карда, таъкид намуд, масъалаи асосии пешрафти лоиҳа дар солҳои ахир қатъ гардидани маблағгузории бахши Афғонистонӣ аз сӯйи шарикони рушд буд: “Пас аз музокироти тӯлонӣ ва эътирофи аҳамияти лоиҳа ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ бо шарикони рушд ҳалли худро ёфт. Соли гузашта маблағгузории бахши Афғонистон дубора оғоз шуд. Ҳоло сохтмон идома дорад ва интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ дар ин бахш то охири соли 2026 анҷом ёбад. Лоиҳа пурра дар соли 2027 ба истифода дода мешавад” - гуфт вазири тоҷик.
Бар асоси арзёбиҳо лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 боиси ташкил гардидани бозори воҳиди барқ гардида ва ба тиҷорати он мусоидат мекунад. Дар доираи ин лоиҳа Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд дар мавсими тобистон 1,300 МВТ барқи изофии худро ба кишварҳои Ҷануби Осиё, аз ҷумла Покистон содир кунанд.
Лоиҳаи CASA-1000 аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҳимояти молӣ мешавад. Сохтмони лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки то ибтидои моҳи феврали соли 2024 Тоҷикистон ҳамаи корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи CASA-1000 –ро анҷом додааст ва танҳо масъалаи танзиму пайвастшавӣ боқӣ мондааст.
Дар Қирғизистон сохтмони инфрасохтори энергетикӣ дар доираи CASA-1000 моҳи ноябри соли 2024 пурра ба анҷом расидааст.
Ширкати миллии барқи Афғонистон “Брешно” гуфтааст, ки баъди таъхири дусола, сохтмони лоиҳа моҳи майи соли 2024 бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дубора аз сар гирифта шуд: “Интизор мерафт, ки он то охири соли 2025 ба анҷом расад. Оғози ин лоиҳа бо дархости кишварҳои минтақа ва бо итминони комили Афғонистон ба он ки ҳама шароити лозим таъмин хоҳад шуд, сурат гирифт”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”