Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба Меҳрнигори Рустам аз зиндон чӣ равон карданд?
Меҳрнигори Рустам, сарояндаи ҷавони тоҷик, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам маъруф аст, дар барномаи “Имшаб”-и Мубориз Усмонов гуфт, ки барояш аз зиндон туҳфа фиристодаанд.
- Туҳфа аз зиндон бароям ҳам ногаҳонӣ ва ҳам ҷолиб буд. Он кандакориест, ки расми худам тасвир шудааст. Ба фикрам, ин аз ҳама туҳфаи ғайриодӣ дар зиндагиам то ин дам аст, - гуфт сароянда.
Дар барномаи “Имшаб” Меҳрнигори Рустам дар бобати кӯдакиаш ва бисёр барвақт ба санъат пайвастан ҳам ишора карда, чунин мегӯяд:
- Ман кӯдакӣ надоштам, бозиҳои кӯдакона накардаам, зеро аз вақте худамро ёд дорам, дар рӯйи саҳнаам ва умрамро бо санъат гузаронидам. Фикр мекунам, ки аҳли оила дар вуҷуди ман истеъдоди Худододро пайхас карда буданд ва барои пешравии ман кӯшиш мекарданд. Ҳамчунин, дар навбати худ ба падару модарон тавсия медиҳам, ки агар дар дили фарзандонашон ҳунарро ҳис кунанд, бисёр хуб мешавад, ки онҳоро дастгирӣ ва роҳнамоӣ намоянд, то ки дар оянда номбардори давлату миллат гарданд.
Ҳамзамон, сарояндаи ҷавон фикрашро дар мавриди ҷарроҳии пластикӣ мегӯяд. Ӯ тасдиқ мекунад, ки танҳо лабҳояшро тағйир додаат, аммо боз ишора менамояд, ки мехоҳад боз лабҳояшро монанди аслашон кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”