27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
04.03.2025 12:57

Ҳисси рашк омили куштори ваҳшиёна. Дар Русия марди тоҷик ҳамсарашро кушт ва дар ҷангал пинҳон кард

Як сокини 41-солаи Тоҷикистон ҳамсари пешини худ, зани 32- сола аз ноҳияи Варзоби Тоҷикистонро бо сабаби ҳисси рашк дар шаҳри Санкт–Петербурги Русия ба қатл расонидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки фоҷеа рӯзи 3-уми феврали соли 2025 рух додааст.

Тибқи иттилоъ, мард соли 2023 бо ин зан никоҳи исломӣ баста, баъди ду соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар моҳи феврали соли 2025 мард ҳамсари пешинашро дар ҷойи кораш таъқиб намуда ва оқибат аз дохили таксӣ ӯро маҷбуран ба мошини худ савор мекунад.

Дар вақти дар дохили мошин будан, миёни онҳо муноқишаи лафзӣ сар мезанад. Дар натиҷаи рашк мард таҳти таъсир қарор гирифта, ӯро латукӯб мекунад. Дар натиҷаи зарбаҳои сахт ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Баъди анҷом додани қатл, мард кӯшиш мекунад, ки осори ҷиноятро нобуд созад ва ҷасади собиқ ҳамсарашро бурда дар ҷангал пинҳон мекунад. Баъдан, ӯ аз Федератсияи Русия хориҷ шуда, ба Тоҷикистон бармегардад.

Кормандони полис дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муттаҳам ба қатлро дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт мекунанд.

Ҳамакнун бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ  қарор дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.