Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бақайдгирии довталабон. Имсол то кай донишҷӯ шудан мумкин аст?
Биноба ба иттилои Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври асосӣ бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз шуд.
Манбаъ мегӯяд, ки барои бақайдгирии довталабон имсол дар 43 шаҳру ноҳияи мамлакат 47 нуқтаи доимӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёр фаъол гардиданд.
Гуфта мешавад, ки даври якум ё асосии бақайдгирӣ то 30-уми апрел идома меёбад, вале ин охири кор нест. Тибқи тартиби наве, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, имсол якчанд даври бақайдгирии довталабон гузаронида мешавад. Баъд аз бақайдгирии довталабон дар даври асосӣ, марҳилаҳои иловагии он моҳи июн, моҳи сентябр ва аз 29-уми октябр то 7-уми декабр гузаронида мешаванд.
Давраи бақайдгирӣ барои шомил шудан ба макотиби миёнаи касбӣ ё олӣ хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки довталаб дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок намояд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи мамлакат гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 инҷониб, довталабон тавассути Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ имтиҳон месупоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”