27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
04.03.2025 10:23

Фаронса барои сохтани неругоҳ дар дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ мегузаронад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл ва  намояндагони ширкати Electricite de France S.A. (EDF) густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳар ду ҷониб аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноантмандӣ намуданд ва таҳким додани муносибатҳои стратегӣ дар соҳаи энергетикаро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд.

Дар доираи ин мулоқот ширкати фаронсавии “EDF” барои гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар тарҳҳои сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обӣ дар дарёи Зарафшон ҳавасмандӣ зоҳир намуд. Ҳамчунин, ширкати зикршуда барои ҳамкорӣ бо ширкати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “ТАУЗ Гидро” мароқ зоҳир кард.

Чанде қабл гузориш нашр шуда буд, ки Фаронса омода аст, дар дарёи Зарафшон неругоҳҳои барқӣ-обӣ созад. Ҷониби Ӯзбекистон ҳам чанд сол қабл ҳавасмандии худро барои сохтани неругоҳи барқӣ-обӣ дар дарёи Зарафшон нишон дода буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.