27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
04.03.2025 10:12

Президенти Эрон гуфт бо Амрико музокира намекунем. “Ин хости Роҳбар аст”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён шарҳ дод, ки ният дошт бо Амрико дар хусуси барномаи атомии Эрон гуфтугӯ ва музокира кунад, вале бинобар мақеи Роҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ин тасмим даст кашид. Дар ин хусус, хабаргузории давлатии ИРНА хабар додааст.

Масъуд Пизишкиён дар маросими суханронии худ дар парлумони Эрон дар хусуси сиёсати хориҷии Эрон суҳбат кард. Ӯ гуфт, қасд дошт бо музокира бо Амрико кишварро аз таҳримҳо озод кунад, вале ҳукми ниҳоиро Хоманаӣ содир кард ва гуфт, ки музокирот бо Амрико шарофатмандона нест.

Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии Эрон комилан бар пояи дидгоҳи роҳбари олии Эрон асос ёфтааст.

Як моҳ қабл, роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ бо қатъият музокирот бо намояндагони ҳукумати Доналд Трампро рад кард. Ӯ, ҳамчунин, ҳушдор дод, ки ҳар гуна иқдоми Вашингтон, ки амнияти Теҳронро таҳдид кунад, ба вокуниш рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Қабл аз ин, Доналд Трамп бо имзои фармоне сиёсати сахтгирона ва ҳадди аксариро барои ба сифр расонидани содироти нафти Эрон имзо кард. Бар асоси фармони Доналд Трамп ҳар кишваре, ки аз Эрон нафт харад, бо таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.