Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Чораҷӯии қатъӣ”. Мақомот ва полис нархи маҳсулоти бозорҳоро назорат мекунанд
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи назоратиеро ташкил намуданд, ки ҳадафаш баррасӣ, назорат ва пешгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи мубораки Рамазон аст.
Гурӯҳи махсуси назоратӣ, ки аз сӯйи мақомоти шаҳрдорӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ташкил шудааст, соҳибкоронро ба риояи принсипҳои савдои одилона даъват намуда, таъкид мекунад, ки дар сурати риоя накардани меъёрҳо бар зидди онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Дар ин хусус, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта шудааст, ки санҷишҳои муштаракро кормандони полис ва намояндагони ваколатдор анҷом хоҳанд дод. Сабаби ташкили гурӯҳи махсус назорати нархҳо дар бозорҳо пас аз шикояти шаҳрвандон дар хусусӣ афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамазон гуфта мешавад.
“Ин гуна амалҳо на танҳо ба қонунгузорӣ, балки ба меъёрҳои шариат низ мухолиф буда, аз доираи ахлоқи инсонӣ берун мебошад” – таъкид мекунад мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Дар доираи санҷишҳо дар миёни тоҷирон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар иртибот ба мушкили афзоиши нархҳо, мақомот аз соҳибкорон дархост намудаанд, ки тавозуни нархҳоро нигаҳ доранд.
Дар Тоҷикистон дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳои исломӣ нархи маҳсулоти ниёзи аввал афзоиш меёбад. Муштариён таъкид мекунанд, ки дар моҳи Рамазон соҳибкорон амдан барои ба даст овардани фоидаи бештар нархҳоро афзоиш медиҳанд. Дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки воқеан дар арафаи моҳи Рамазон, иди Рамазон ва иди Қурбон нархи маҳсулоти ниёзи аввал меафзояд. Масалан, гӯшт, сабзавот ва мева нархашон гарон мешавад.
Як рӯз қабл аз оғози моҳи Рамазон, раиси Шурои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз соҳибкорону фурӯшандаҳо хоҳиш карда буд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввалро афзоиш надиҳанд.
“Рамазон на танҳо моҳи санҷиши қувваи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки санҷиши ҳолати рӯҳӣ ва эҳсоси инсон, покии ният ва амалҳо мебошад”- таъкид карда буд Абдулқодирзода.
Дар идомаи мавъизааш Сайидмукаррам Абдулқодирзода таъкид намуда буд, ки “Ин нукта махсусан ба онҳое дахл дорад, ки масъулияти хизмат ба ҷомеаро доранд. Боло бурдани сунъии нархи маҳсулот бо мақсади гирифтани фоидаи бештар дар ин моҳ бадтарин амалест, ки дар дини поки ислом маҳкум мешавад”.
Муфтии Тоҷикистон аз ҳадиси паёмбари ислом ёдовар шуд: “Ҳар касе, ки ба афзоиши нархи маҳсулоти ғизоии мусалмонон дахолат карда, онҳоро боло барад, Аллоҳ ӯро дар рӯзи қиёмат ба оташи дузах меандозад”.
Ҳар сол дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳои мусалмонӣ афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, ба вижа шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Аз расонаҳо мо ҷустуҷӯ намудем, ин ҳолат дар бархе кишвраҳои Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасад. Иқтисодшиносон афзоиши нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ва идҳоро афзоиши сунъии нарх дар тиҷорат унвон мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”