Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Қазоқистон шаҳрвандонашро наҷот медиҳад? “Мо дар бораи ҳузури ғайриқонунӣ дар ИМА ҳушдор дода будем”
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар бораи ҳузури ғайриқонунии шаҳрвандони худ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дода, аз онҳо даъват намуда буданд, ки аз ин кишвар хориҷ шаванд. Ин масъаларо Алибек Бакаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷлиси Сенати ин кишвар баён кард.
Таваҷҷуҳи мақомоти Қазоқистон ба шаҳрвандони худ дар Амрико дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2024 ин кишвар аз депорт кардани 236 шаҳрванди Қазоқистон иттилоъ дода буд.
Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон масъулияти ҳузури ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дӯши шаҳрвандон вогузор намуда, таъкид карданд, ки мо аз паёмадҳои эҳтимоли зиндагии ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳушдор дода будем.
“Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан шаҳрвандони Қазоқистонро, ки ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд, дар бораи ихтиёран хориҷ шудан аз ин кишвар огоҳ карда буд. Мо ҳушдор дода будем, ки дар акси ҳол чораҳои муайян андешида хоҳад шуд” – гуфт Алибек Бакаев.
Ӯ афзуд, ки депорт аз сӯйи мақомоти ИМА метавонад боиси манъи доимии ворид шудан ба хоки ин кишвар шавад.
Дар ҳамин ҳол, яке аз масъулони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров шарҳ дод, ки иттилоъ дар хусуси депорт кардани 369 шаҳрванди Қазоқистон ба тағйироти ахир дар хусуси сиёсати муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рабт надорад.
“Тафтишот нишон дод, ки хабари нашршудаи телевизиони “Фокс Нюз” аз 11-уми декабри соли 2024 тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратро инъикос намекунад. Депортатсия як раванди меъёрист, ки дар тамоми кишварҳо нисбат ба афроде, ки ғайриқонунӣ ҳузур доранд, татбиқ мешавад. Мақомоти давлатӣ уҳдадор нестанд, ки дар чунин ҳолатҳо ба сафорат ё консулгарӣ хабар диҳанд” – таъкид намуд Айбек Смадияров.
Изҳори назари мақомоти Қазоқистон дар хусуси шаҳрвандонашон дар ИМА дар ҳолест, ки чанде қабл Ӯзбекистон таъкид намуд, шаҳрвандонашро ба ватан бармегардонад.
Бар асоси иттилои расонаҳои амрикоӣ шумораи зиёди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯйи Хадамоти муҳоҷирати Амрико боздошт шуда ва ба кишварҳои севум интиқол дода мешаванд. Аз рӯйи шумораҳои нашршуда аз ҳама бештар шаҳрвандони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯйхати онҳое қарор доранд, ки бояд депорт шаванд.
Доналд Трамп сиёсати бисёр сахтгиронаро бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ин кишвар ба роҳ мондааст. Дар давоми як моҳи ахир, мақомоти амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои низомӣ қисми зиёди муҳоҷиронро ба кишварҳои севум интиқол доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад