Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Оташбаси нопойдор”. Исроил вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро боз дошт
Бенямин Натанёҳу, сарвазири Исроил гуфт, ки бо далели ради созишномаи Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп дар умури Ховари Миёна аз ҷониби гурӯҳи Ҳамос ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро манъ хоҳад кард.
Сарвазири Исроил субҳи имрӯз тасмим гирифт, ки ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба минтақаи Ғаззаро боз дорад. Дафтари матбуоти сарвазири Исроил гуфтааст, ки ба далели ин ки Ҳамос созишномаи марҳилаи дувуми оташбасро қабул накард, ин тасмимро гирифт.
Тарҳи пешниҳодии Стив Уиткофф Ҳамосро маҷбур мекунад, ки бидуни ҳеч шарту қоида асирони боқимондаи исроилиро озод кунад. Дар посух ба тарҳи созиши оташбаси Стив Уиткофф Ҳамос гуфтааст, то замоне, ки оташбаси доимӣ барқарор нашавад, ба он посухи мусбат нахоҳад дод.
Ҳамчунин, дар пайи манъи вуруди кумакҳои башардӯстона Ҳамос бо нашри баёнияе амалкарди ҳукумати Исроилро “ҷинояти ҷангӣ” унвон кард.
Кишварҳои миёнҷӣ Қатар, Миср ва Амрико дар талоши онанд, ки дар минтақаи Ғазза оташбаси доимӣ барқарор шавад. Сарвазири Исроил аз Ҳамос хостааст, ки ҳама асирони исроилиро озод кунад. Ӯ таҳдид кардааст, ки гузинаи ҷанги низомӣ дар рӯйи миз аст.
Тибқи гузориши расонаҳо дар аввали моҳи Рамазон дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои артиши Исроил як фаластинӣ дар Ғазза кушта шуд. Ҳамчунин, чандин хона дар минтақаи фаластиннишини Каронаи Бохтарӣ вайрон шудааст. Артиши Исроил пас аз Ғазза амалиёти густурдаи низомиро дар минтақаи Каронаи Бохтарӣ оғоз кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”