27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
03.03.2025 17:50

Хашми вазири Исроил аз “Оскар” гирифтани мустанади фаластинии “Сарзамини дигаре нест”

Филми мустанади фаластинии “Сарзамини дигаре нест”, ки дар хусуси фоҷеаи қатлу куштор ва кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо ривоят мекунад, дар ҷашнвораи ҷаҳонии Оскар дар Лос-Анҷелеси Амрико сазовори ҷоиза шуд.

Дар пайи ин вазири фарҳанги Исроил Мики Зоар вокуниш нишон дода, иддао кард, ки ривоятҳои тасвиршуда дар филми мазкур таҳрифшуда ва асли воқеият нестанд. Ӯ гуфтааст: “Додани ҷоизаи Оскар ба филми “Сарзамини дигаре нест” лаҳзаи ғамангезе барои дунёи синамо буд. Созандагони ин филм ба ҷойи ироаи мушкилоту воқеият ривоятҳоеро пешниҳод карданд, ки чеҳраҳои Исроилро вайрон мекунад”.

Дар филми мустанади “Сарзамини дигаре нест” ҳунарпешаи фаластинӣ Базил Адра нақш офаридааст. Муҳтавои филм дар хусуси ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Исроил ба хоки Фаластин аст. Дар он нишон дода мешавад, ки артиши Исроил бо кӯчонидани иҷбории мардуми Фаластин ва вайрон кардани хонаҳои онҳо пойгоҳҳои низомиашро месозад. Тасвири ин нукта, ки артиши Исроил дар ҷойи хонаҳои вайроншудаи фаластиниён қароргоҳ месозад, бисёр барҷаста тасвир шудааст.

97-умин маросими супоридани ҷашнвораи Адвардз, ки бештар бо номи Оскар маъруф аст, рӯзи душанбе дар шаҳри Лос-Анҷелес баргузор шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.