Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пешгирии ФСБ аз ҳамлаи террористӣ дар метро. Муттаҳам зодаи як кишвари Осиёи Марказӣ аст
Мақомоти амниятии Федератсия Русия хабар доданд, ки аз анҷоми ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Синагогаи вилояти Маскав дар истгоҳи метро пешгирӣ намуданд.
Шахси муттаҳам ба ҳамлаи террористӣ зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, шаҳрвандии Федератсияи Русияро доштааст. Мақомоти Русия ҳувият ва миллати шахси гумонбар ба ҳамлаи террористиро ифшо накардаанд.
Тибқи иттилоъ гумонбар бо созмонҳои террористӣ дар Афғонистон иртибот дошта, барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омодагӣ дидааст ва баъди иҷрои он қасд доштааст, ки ба кишвари Афғонистон фирор намояд ва ба созмонҳои террористӣ пайвандад.
Дар ҷараёни боздошт гумонбар муқовимат нишон медиҳад ва дар посух ба ин мақомоти ФСБ аз оташи ҷавобӣ истифода намуда, ӯро боздошт менамояд. Зимни тафтишот дар манзили ӯ силоҳҳои оташфишон, маводи химиявӣ ва моддаҳои заҳрнок пайдо шудааст.
Ҳафтаи гузашта мақомоти ФСБ хабар дода буданд, ки аз ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Қрим пешигирӣ кардаанд. Тибқи иттилоъ, дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Русия ва Украина даст дошта, тибқи дастури Хадамоти ҷосусии Украина ба ин амал даст задаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”