Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бидуни медал. Иштироки варзишгарони тоҷик дар “Tashkent Grand Slam 2025”
Аз 28-уми феврал то 2-юми март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2025” бо иштироки 242 варзишгар (116 мард ва 126 зан), аз ҷумла 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар мусобиқаи мазкур аз 17 варзишгари тоҷик, ҳеч кадоме натавонистанд, ки ба хазинаи варзишии кишвар медале ворид кунанд.
Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар “Tashkent Grand Slam 2025” чунин аст: Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило ҷойҳои панҷумро касб карданд.
Гуфта мешавад, ки даҳ варзишгари тоҷик дар даври аввал шикаст хурда, аз ҳаққи идомаи рақобат маҳрум шуданд.
Дар умум, дар мусобиқаи мазкур ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби чор ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум дар зинаи чордаҳум қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”