27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
03.03.2025 13:22

Дар Қирғизистон муқобила бар терроризм дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд

Ҳузури ҷангҷӯёни исломгаро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурия ва Афғонистон ва густариши фаъолияти созмонҳои террористӣ таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар мизи мудаввар, ки бо ширкати коршиносон, масъулони давлатӣ ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ баргузор шуд, ин нукта баён гардид.

Коршиносон нақши муҳимми Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар робита ба таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказиро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, дар заминаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳо фаъолияти муштараки кишварҳо муҳим аст. Дар ин хусус хабаргузориҳои гуногун хабар додаанд.

Марат Иманқулов, котиби Шурои амнияти Қирғизистон таъкид кард, ки вазъияти имрӯзаи ҷаҳон мураккаб ва ғайрипешбинӣ боқӣ мемонад ва дар баъзе манотиқ низоъҳо кам шуда, дар баъзе минтақаҳои дигар авҷ мегиранд. Ба бовари ӯ, унсури низоъ дар низоми ҷаҳонии имрӯз ҳукмфармост ва ин раванд ба ташаккулу бақои эътилоф ва созмонҳои мухталиф таъсир мегузорад.

Марат Иманқулов таъкид кард, ки Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмон ҳамкориҳои Шанхай сарчашмаи асосӣ ва омилҳои низоъ дар минтақаҳоро мушаххас карданд.

Бар асоси арзёбии ӯ, дар самти Ғарб ва Шимолу Ғарб, бахусус дар Аврупои Шарқӣ рушди иқтидори низомӣ, фаъолияти ҷосусӣ, фишори сиёсӣ-иттилоотӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ аз сӯйи бархе кишварҳо ва эътилофҳои наздик ба ҳам солҳо боз созмондиҳӣ мешавад ва идома дорад. Дар Ховари Миёна низ вазъият мураккаб боқӣ монда, аз замони буҳрони Баҳори Араб тақсимбандии нави неруҳо сурат мегирад, ки ба ноустувории минтақа таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Марат Иманқулов буҳрони Украина, ки ҳанӯз анҷоми он номуайян аст, ба коҳиши шиддатёбии геполитикӣ мусоидат намекунад.

Марат Иманқулов ба ҳузури шумораи зиёди шаҳрвандони кишварҳои Осиё Марказӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқу Афғонистон ишора намуда, таъкид кард, ки “Бар асоси баъзе арзёбиҳо, то 20 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ ба сохторҳои низомии Сурия шомил шудаанд, аз ҷумла ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ. Ӯ афзуд, ки дар миёни онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ ҳузур доранд. “Наздик ба 5 ҳазор ҷангҷӯ аз Осиёи Марказӣ (ба истиснои аъзои оилаҳояшон) дар миёни гурӯҳҳои ифротгаро қарор доранд” – зикр кард Марат Иманқулов.

Дар идома котиби Шурои амнияти Қирғизистон таъкид кард, ки таҷриба нишон медиҳад кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун сарчашмаи асосии ҷалби ҷангҷӯён ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро шинохта шудаанд.

Ӯ зикр намуд, ки устувории сиёсӣ дар кишварҳои узви СААД ва муттаҳидонашон беҳтарин посух ба хатари содироти терроризм аст. Ӯ таъкид кард, ҳадафи мазкур бо роҳи системаи таҳияшудаи таъмини амнияти миллӣ ва дастаҷамъӣ ба даст хоҳад омад.

Котиби Шурои амнияти Қирғизистон нақши СААД дар таъмини амнияти кишварҳои узв ва бахусус Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард: “Созмон принсипи амнияти тақсимнашавандаро ҳимоя мекунад, ки ҳадафи он рушди устувори иқтисодиву сиёсӣ, ҳамчунин, ҳимояи манфиатҳо ва арзишҳои муштараки кишварҳои узв мебошад”.

Вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон Кенешбек Асанбекович таъкид кард, ки бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳон нақши СААД чандин маротиба афзоиш хоҳад ёфт: “Қирғизистон ҳамеша омода аст ба муколима ворид шавад ва дар рушди тафаккури сиёсӣ ва илмӣ барои таҳкими ҳамкориҳо дар доираи СААД, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар созмонҳои муштарак саҳм гузорад. Ин созмонҳо бо мурури замон қобилияти фаъолият ва самаранокии худро собит кардаанд”.

Александр Кузнетсов, корманди округи марказии ҳарбӣ дар 999-умин Пойгоҳи ҳавоии Русия - “Кант” таъкид намуд, ки таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористии ҷаҳонӣ, созмонҳои ифротгарои динӣ ва гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ сарчашма мегирад ва онҳо метавонанд ба суботи минтақа таҳдид эҷод намоянд. Ӯ афзуд, ки дар чунин шароит СААД ҳамчун кафили сулҳ, амнияти минтақавӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв боқӣ мемонад.

Александр Кузнетсов ба Созмони давлатҳои туркӣ ишора намуда, таъкид кард, ки ин созмон сиёсиву иҷтимоӣ буда, ҳанӯз замина ва зарфиятҳои низомии посухдиҳанда ба таҳдидҳоро надорад.

“Ин Созмон бештар ба ҳамгироии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ нигаронида шудааст. Дар дохили он механизми мушаххаси вокуниш ба таҳдидҳои амниятӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, СААД ҳамчун кафили асосии амният дар минтақа боқӣ мемонад. Ҳалли мушкилоти минтақавӣ бояд дар асоси ҳамкории дастаҷамъона ва муколамаи наздик сурат гирад” -  афзуд ӯ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.