27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
03.03.2025 11:42

Ҳалолу ҳароми Толибон: Ситораи порнографияи Амрико дар меҳмонии Толибон

Сафари ситораи филмҳои порнографии амрикоӣ Уитни Райт ба Афғонистон ва нашри аксу наворҳои ӯ дар шаҳрҳои Кобулу Ҳирот дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шудааст.

Хабаргузории “Ассошейтед-пресс” бо ишора ба маҳдудиятҳои сахтгиронаи гурӯҳи террористии Толибон нисбат ба занон, сафари ситораи филмҳои порнографии амрикоӣ ба ин кишварро тааҷҷубовар хондааст.

Рӯзи шанбе ситораи филмҳои порнографии Амрико Уитни Райт аксу филме аз худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард ва дар онҳо мушоҳида мешавад, ки ӯ дар минтақаи “Банди амир”-и Боғи миллии Афғонистон қарор дорад. Ҳузури ӯ дар “Банди амир” дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон чанде қабл вуруди занон ба ин маконро манъ карда буданд.

“Ассошейтед–пресс” навиштааст, ки бо суолҳо ба Уитни Райт дар хусуси сафараш ба Афғонистон муроҷиат кардааст, аммо ҳеч посухе дарёфт нанамудааст.

Дар акси дигаре, ки Уитни Райт дар саҳифаи иҷтимоии худ нашр карда, дида мешавад, ки ӯ дар даст Калашников ва бо либоси ҳиҷоб дар минтақае дар Афғонистон ҳузур дорад.

Сафари ситораи машҳури филмҳои порнографиии Амрико ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки гурӯҳи террористии Толибон қонунҳои сахтгиронае бар зидди занони афғонистонӣ ҷорӣ кардаанд. Расонаҳо менависанд, ки худи гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз дар хусуси сафари ситораи порнографияи амрикоӣ вокуниш нишон надодаанд.

Огоҳони вазъияти Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи террористии Толибон ба шиддат шавқманди ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин кишвар ҳастанд. Онҳо дар барномаи иқтисодии худ рушди сайёҳиро дар авлавият қарор додаанд.

Гурӯҳи террористии Толибон бо вуҷуди ин ки беш аз 40 намояндагӣ ва сафоратҳои Афғонистонро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ихтиёр доранд, ҳанӯз аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ, ба вижа созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудаанд.

Сафари Уитни Райт, ситораи филмҳои порнографии амрикоӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари шаҳрвандонаш ба Афғонистонро манъ кардааст. Вазорати корҳои хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки бо сабаби ноамнӣ ва фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои террористӣ шаҳрвандони амрикоӣ аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ситораи филмҳои порнографии Амрико Уитни Райт зодаи Оклахома-Ситии Амрико мебошад. Тибқи маълумотҳо Уитни Райт барои ворид шудан ба Афғонистон ба виза ва иҷозати Толибон ниёз дорад. Ҳоло ҳеч консулгарӣ ва намояндагии гурӯҳи террористии Толибон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вуҷуд надорад.

Уитни Райт, ситораи филмҳои порнографияи амрикоӣ ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқ, Сурия, Лубнон ва Эрон сафар кардааст. Аксу наворҳои Уитни Райт дар саҳифаҳои иҷтимоияш нишон медиҳанд, ки ӯ ба ин кишварҳо сафар намуда, аз маконҳои дидании ин кишварҳо боздид кардааст.

Сафари ситораи филмҳои порнографии Амрико чанде қабл ба вокуниши шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоии Эрон рӯ ба рӯ шуда буд. Дар пайи чунин вокунишҳо хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдори Эрон “Тасним” навишт, ки “Ҳузури ин ҳунарпеша дар баъзе маконҳо, монанди лонаи ҷуосусии собиқи Амрико ва Кохи Гулистон ба даъвати фард ё ниҳоде сурат нагирифта, ба ҳайси як шаҳрванди одӣ ва бидуни эълони ҳувияти худ иқдом ба ҳузур кардааст”.

Дар пайи вокуниши шадиди корбарони эронӣ худи Уитни Райт навишт: “Шарҳҳо баста шуданд, зеро интишори аксҳои сафарам дар Эрон ба маънои таърифи ҳукумат нест”.

Сафорати пешини Амрико дар Теҳрон ба унвони “Осорхонаи лонаи ҷосусӣ” шинохта мешавад ва сайёҳон аз он боздид мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо бознашри филм ва аксҳои ситораи филмҳои порнографии амрикоӣ гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон бо иҷро намудани қонунҳои сахтгирона нисбат ба духтарону занони Афғонистон ба чунин ситораҳое “виза” содир мекунанд ва амнияти сафарашонро таъмин менамоянд.

Таҳлилгарони вазъи амниятии Афғонистон таъкид кардаанд, ки сафари Уитни Райт бидуни пуштибонӣ ва таъмини амният аз сӯйи Толибон имконпазир нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.