Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
То 25 ҳазор сомонӣ. Гранти президентӣ ба ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ
Ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2025 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорат, бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷудо карда мешавад, ки ҳар як грант то 25 ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки барои амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.
Хоҳишмандон аз 1-уми март то 1-уми апрели соли 2025 метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”