Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баъди 40 соли ҷанги мусаллаҳона. Курдҳо дар муқобили Эрдуғон таслим шуданд
Баъди ҳафтаҳои тӯлонии музокира роҳбари Ҳизби коргарони курд (РКК) ба тарафдоронаш паём фиристод, ки силлоҳояшонро ба замин гузошта, ҳизбро барҳам диҳанд. Ӯ дар паёмаш таъкид кард, ки Ҳизб дар замони душвори сиёсӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи курдҳо таъсис шуда буд ва ҳоло дигар ниёз ба фаъолияти он вуҷуд надорад.
Паёми роҳбари курдҳо Абдуллоҳ Оҷалон дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ беш аз 20 сол боз дар маҳбас бар сар мебарад.
Ҳизби коргарони курд, ки таърихи беш аз 40-сола дорад, аз сӯйи Абдуллоҳ Оҷалон таъсис дода шуд ва солҳо боз барои расидан ба истиқлол ва кишвари мустақил барои курдҳо муборизаи мусаллаҳона мебарад. Шеваи усули муборизаи ҳизби мазкур ба гурӯҳҳои террористӣ шабоҳат дорад. Бо ин далел, аксари кишварҳои аврупоӣ, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳизби мазкурро террористӣ эълон карда буданд.
Ҳизби коргарони курд асосан дар ҷанубу шарқи Туркия, баъзе аз қисматҳои Эрону Ироқ ва Сурия ҳузур дошта, мубориза мебарад. Ин ҳизб бештар бо номи ихтисории РКК машҳур аст.
Абдуллоҳ Оҷалон, роҳбари ҳизби мазкур дар солҳои 90-ум аз сӯйи Хадамоти махсуси Туркия дар хориҷ аз кишвар боздошт ва ба Туркия оварда шуд. Абдуллоҳ Оҷалон роҳбари маънавӣ ва низомии гурӯҳи мазкур ҳоло дар ҷазираи Умарло, воқеъ дар Баҳри Мармари Туркия дар як утоқи инфиродӣ маҳбус аст. Тарафдоронаш ӯро бештар бо номи “Апо” садо мезананд.
Ҳафтаи равон аъзои Ҳизби демократии халқҳо, ки аз манфиати курдҳо дар парлумони Туркия намояндагӣ мекунад, ба дидани Абдуллоҳ Оҷалон рафтанд. Баъди дидор паёми Абдуллоҳ Оҷалонро расонаӣ карданд, ки ба тарафдорон ва аъзои ҳизбаш дастур дод, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. Дар посух ба дархости Абдуллоҳ Оҷалон Кумитаи иҷрои Ҳизби коргарони курд оташбас эълон намуд ва гуфт баъди озодии роҳбарашон силлоҳояшонро ба замин хоҳанд гузошт.
“Бо мақсади омода кардани замина барои татбиқи дархости Абдуллоҳ Оҷалон ба сулҳ ва ҷомеаи демократӣ мо эълон мекунем, ки аз имрӯз оташбас эътибор пайдо мекунад. Ягон воҳиди мо амалиёти мусаллаҳона анҷом нахоҳад дод, агар мавриди ҳамла қарор нагирад” – зикр шудааст дар баёнияи Кумитаи иҷроияи ҳизби мазкур. Дар баёнияи худ аъзои Ҳизби коргарони курд дархост кардаанд, ки Абдуллоҳ Оҷалон озод шавад, то раванди халъи силоҳ ва барҳамдиҳии ҳизбро мудирият ва назорат кунад.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар посух ба паёми роҳбари курдҳо гуфт, ки акнун дар Туркия раванди нав оғоз шудааст ва бояд аз он ҳимоят шавад.
Бархе роҳбарони курдҳо дар Ироқ аз паёми Абдуллоҳ Оҷалон истиқбол намуда, оғози оташбасро раванди мусбат арзёбӣ карданд. Аммо низомиёни курдҳои Сурия эълон намуданд, ки РКК ва паёми Абдуллоҳ Оҷалон ба онҳо рабт надорад ва онҳо ба фаъолияҳои худ идома медиҳанд. Онҳо гуфтаанд, баъди ин Туркия дигар баҳонае барои ҳамла ба Сурия нахоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”