27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
01.03.2025 13:32

Музокироти ҷанҷолии Трамп ва Зеленский

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Кохи сафед дар ҷараёни суҳбат аз президенти Украина Владимир Зеленский шадидан интиқод намуд. Доналд Трамп ба Владимир Зеленский гуфт, ки ин кораш оғоз бахшидан ба ҷанги севуми ҷаҳонӣ аст.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи ҷумъа, 28-уми феврал вориди хоки Амрико шуд ва дар Кохи сафед барои ҳалли масъалаҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар бо Доналд Трамп суҳбат кард. Дар ин дидор ва гуфтугӯ ҳарду тараф бо ҷанги лафзӣ музокиротро оғоз намуданд ва Доналд Трамп дар ҷараёни суҳбат гуфт, ки “мехоҳад мардуми Амрико ин суҳбатро” бибинанд.

Ҷанги лафзии Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар муқобили рӯзноманигорон ва дурбинҳои наворбардорӣ сурат гирифт. Доналд Трамп бо лаҳни бисёр сахт ба Зеленский гуфт: “Шумо зиндагии миллионҳо нафарро ба хатар меандозед. Шумо дар ҳоли қимор бо ҷанги севуми ҷаҳон ҳастед”.

Доналд Трамп дархостҳои Владимир Зеленский дар хусуси тазминҳои амниятӣ аз Амрикоро “беэҳтиромӣ” хонд ва гуфт, президенти Украина “аслан аз Амрико қадрдон нест”. Доналд Трамп дар идомаи суҳбат гуфт: “Бо ин шева анҷом додани муомила душвор хоҳад буд”.

Доналд Трамп дар ҷараёни суҳбат борҳо сухани Владимир Зеленскийро қатъ карда ва гуфт, ки Украина бидуни ҳимояти Амрико дар муқобили Русия то ду ҳафта давом нахоҳад овард. Дар посух Владимир Зеленский гуфт, ки “Путин се рӯз” гуфта буд. Доналд Трамп бо асабоният гуфт, ки артиши Украина бо камбуди неруи инсонӣ рӯ ба рӯ аст ва дигар наметавонад дар муқобили Русия давом биёварад. Доналд Трамп бо изҳори шубҳа нисбат ба мавқеияти Украина дар муқобили ҷанг бо Русия гуфт: “Кишвари шумо дар вазъияти душворе қарор дорад. Ман медонам, ки шумо пирӯз нахоҳед шуд. Шумо ин ҷангро нахоҳед бурд. Шумо ба лутфи мо шанси бузурге доред, ки аз ин вазъият ҷони солим ба даст оваред”.

Доналд Трамп ба Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки ё бояд созишномаи сулҳро бипазирад ва ё ин ки Амрико дар ин замина кумакҳояшро қатъ хоҳад кард.

Владимир Зеленский дар вокуниш ба суханони Трамп дастонашро рӯйи сина гузошт ва аз мавқеи кишвараш дифоъ кард. Ӯ таъкид кард, ки пас аз ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия дар соли 2014 ҳеч кас барои боз доштани Владимир Путин талош накард.

Дар посух ба ин ҳарф Доналд Трамп гуфт, ки дар давраи аввали президентиаш ба Украина аслиҳа дод ва Зеленский аз ин бояд қадрдон бошад.

Сафари президенти Украина бидуни имзои созишнома поён ёфт. Қарор буд дар ин сафар Владимир Зеленский  ва Доналд Трамп созишнома оид ба захираҳои конҳои ноёби Украинаро имзо кунанд.

Вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки президенти Украина Владимир Зеленский бояд барои содир намудани чунин амали хашин аз Амрико узрпурсӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.