Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муфтӣ аз соҳибкорон хост дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро афзоиш надиҳанд
Раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар арафаи моҳи Рамазон аз соҳибкорону тоҷирон даъват намуд, нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардумро боло набаранд.
“Баланд бардоштани нархи маводи ғизоӣ дар ин моҳ ба хотири манфиати шахсӣ, яке аз бадтарин амалҳо маҳсуб мешавад. Ин рафтор дар ислом маҳкум шудааст” – таъкид кард Сайидмукаррам Абдулқодирзода.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба онҳое, ки ба мардум хизмат мерасонанд, хотиррасон кард, ки дар тиҷорат ростқавлӣ ва адолат асли муҳим ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ашхоси саховатпеша дар моҳи мубораки Рамазон ба ятимону маъюбон, камбизоатону хонаводаҳои ниёзманд кумак расонанд.
“Дар ин моҳи шариф ҳамватанони мо бояд ба шахсони солхӯрда меҳрубонӣ зоҳир кунанд, ба беморон ғамхорӣ намоянд, ҳамсояҳоро дастгирӣ кунанд ва ба онҳое, ки дар ҳолати мушкилот қарор доранд, ёрӣ расонанд”- таъкид кард ӯ.
Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми мартро оғози моҳи Рамазон эълон кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”