27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
28.02.2025 17:33

Истгоҳи конвертории Сангтӯда – нахустин ва бузургтарин истгоҳи конвертории Осиёи Марказӣ омодаи фаъолият аст

99 фисад корҳои васлу насб ва сохтмонии Истгоҳи конвертории Сангтӯда, ки дар доираи Лоиҳаи CASA – 1000 сохта мешавад, ба анҷом расида ва он дар ҳоли оғоз ба фаъолият аст. Ин нуктаро намояндагони лоиҳа зимни боздиди рӯзноманигорони кишвар аз объекти мазкур, баён карданд.

Рӯзи 27-уми феврал як гурӯҳи рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногуни кишвар бо мақсади бозбинӣ аз Истгоҳи конвертории Сангтӯда ба ноҳияи Кушониён сафар намуда ва аз ҳолати кунунии он хабардор шуданд.

“Аз ҷониби Комиссияи кории дохилии лоиҳа Истгоҳи конвертории Сангтӯда пурра аз санҷиш гузаронида шуд, аз ҷумла санҷиши шиддати зеристгоҳҳо низ амалӣ карда шуд (зеристгоҳҳои ҷойгирбуда дар шаҳри Исфара ва Турсузода). Яъне озмоиши санҷишӣ бомуваффақият амалӣ гашт. Ҳоло интизор ҳастем, ки барои зеришиддатмонии санҷиши Истгоҳи конвертории Сангтӯда иҷозат гирем. Тибқи қарордоди басташуда онро бояд пудратчӣ аз санҷиши умумӣ гузаронад ва ба фармоишгар пешниҳод намояд. Ҳамчунин, танҳо бояд санҷиши системавӣ гузаронида шавад, ки он дар сурати ба анҷом расидани сохтмони истгоҳи минтақаи дигар, яъне Покистон анҷом дода мешавад” - мегӯяд Бобохонзода Исмоил, сармутахассиси Лоиҳаи минтақавии  CASA – 1000.

Истгоҳи конвертории Сангтӯда аз таҷҳизоти филтрӣ иборат буда ва қисмати ҷараёнҳои доимии он ба ҳолати автоматикӣ гузошта шудааст, ки он ба таври фосилавӣ идора карда мешавад. Ҳамчунин, тамоми қисматҳои он аз муҳофизати чандтабақа иборат аст.

Бояд таъкид кард, ки таҷҳизоти асосии Истгоҳи конвертории Сангтӯда аз якчанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Шветсия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шветсария, Австрия ва Ҳиндустон оварда шудааст.  Аксари таҷҳизоти асосӣ, инчунин, иловагӣ низ дорад ва дар сурати пеш омадани ноқисӣ онҳо ба таври автоматикӣ фаъол мешаванд.

Ба таъкиди намояндагони Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 сохтусози Истгоҳи конвертории Сангтӯда дар вақти муайяншуда ва бидуни норасоӣ сохта шудааст: “Дар корҳо ҳеч таъхире сурат нагирифт ва хушбахтона, ҳамаи он мувофиқи нақша бо сифати баланд анҷом ёфт” - мегӯяд  Шералӣ Ширинбеков, сармутахассиси лоиҳаи мазкур.

Истгоҳи конвертории Сангтӯда барои интиқоли 1300 МВт барқи истеҳсолшавандаи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон дар 6 моҳи гармӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони Истгоҳи конвертории Сангтӯда фасли баҳори соли 2019 оғоз гардида ва дар ҳудуди 25 гектар сохта шудааст. Дар кори он номдортарин ширкатҳои ҷаҳонӣ ҷалб гардидаанд ва аз ҷумла аксари таҷҳизоти он аз ширкати машҳури “Hitachi Energy” харида шудааст. “Hitachi Energy” ширкати машҳури технологиест, ки қароргоҳи он дар Сюрихи Швейтсария воқеъ аст. Маҳсулоти ширкати мазкур дорои стандарти байналмилалӣ мебошад.

Истгоҳи конвертории Сангтӯда – бузургтарин ва нахустин истгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ барои интиқоли неруи барқи ҷараёни доимӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи Лоиҳаи CASA – 1000 бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта шуда ва ҳамакнун омодаи фаъолият аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.