Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро депорт кард
Мақомоти полиси шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони хориҷие иттилоъ доданд, ки қоидаҳои будубош дар ин кишварро вайрон кардаанд. Дар ин хусус, расонаҳои қазоқистонӣ хабар медиҳанд.
Тибқи иттилои мақомоти полис шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Русия бо вайронкунии ҷиддии қонунҳои муҳоҷират дар ин кишвар ба сар мебурданд. Ҳамин тавр, онҳо дар асоси амалиёти ҷумҳуриявии “Роҳи бехатар” боздошт гардиданд.
Дар натиҷаи амалиёт, нисбати 330 нафар барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират чораҳои маъмурӣ андешида шуд. 28 шаҳванди хориҷӣ аз ҳудуди Қазоқистон депорт шуданд. Ҳамчунин, 2319 хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 89 нафари қабулкунандаи муҳоҷирон барои риоя накардани қоидаҳои қонуни будубоши муҳоҷирон ҷарима шуданд.
Еркин Амантавев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Алмаато гуфт, ки чораҳои назоратӣ нисбат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар пурзӯр карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”