Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ҳамкорӣ бо KOICA мутахассиси роҳи оҳан ва метро омода мешавад
Дар мулоқоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо директори Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (Korea International Cooperation Agency, KOICA) Канг Синг Хон ва муовини ӯ Чангвон Ли масъалаи таъсиси маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои баланд бардоштани малакаи машинистони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати вагонҳои роҳи оҳан ва метро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Корея 4 лоиҳаи хурду бузургро дар самти роҳу нақлиёт якҷоя амалӣ мекунанд, ки яке аз онҳо ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» рабт дорад ва бо дастгирии КОICА татбиқи он 14-уми январи соли 2025 расман оғоз гардида буд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки КОICА ба татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи ин лоиҳа, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, омода ва ҳавасманд мебошад. Татбиқи муваффақонаи лоиҳа метавонад ба густариши гардиши молу маҳсулот дар минтақа тавассути қаламрави Тоҷикистон мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”