27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
28.02.2025 13:34

Раҳбари пешини ХАМ-и Ӯзбекистон “шиносномаи тиллоӣ” –и Вануатуро дарёфт кард

Бар асоси иттилооти расонаҳо Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ва чанд узви оилааш дар соли 2023 шаҳрвандии кишвари Вануатуро барои сармоягузорӣ дарёфт кардаанд.

Бар асоси таҳқиқоти рӯзноманигорон, ки феҳристи “шиносномаи тиллоӣ” барои солҳои 2022 - 2023 –ро омӯхтаанд, Рустам Иноятов ва Шариф Иноятов дар Ӯзбекистон ва Русия ба тиҷорати кишоварзӣ ва амволи ғайриманқул машғуланд ва шаҳрвандии кишвари ҷазиравии Вануатуро дар Уқёнуси Ором ба даст овардаанд.

Дар рӯйхати 1961 нафаре, ки шаҳрвандии Вануатуро ба даст овардаанд, аксаран шаҳрвандони Русия ва Чин мебошанд. Ҳамчунин, номи миллиардерҳо, таҳти таҳрим қарор гирифтаҳо ва афроди иҷрокунандаи хадамоти ҷосусӣ ва ҷинояткорӣ  дар ин рӯйхат вуҷуд дорад.

Кишвари ҷазиравии Вануату ба ивази ҷалби 130 ҳазор доллар сармоягузорӣ шиносномаи тиллоӣ медиҳад. Шиносномаи тиллоии ин кишвар иҷозат медиҳад, ки бидуни монеа ба 130 кишвари хориҷӣ соҳибони он сафар кунанд. Фурӯши шиносномаи тиллоӣ барои Вануату 1/3 қисми буҷетро таъмин менамояд.

Дар солҳои ахир, бо сабаби қонуншиканиҳо Иттиҳоди Аврупо аз декабри соли 2024 низоми бидуни раводид ба соҳибони “шиносномаи тиллоӣ”-ро бекор кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.