Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Музокироти ҳайатҳои Амрико ва Русия дар Истанбул 6 соат давом кард
Ҳайатҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия дар ҷараёни музокироти созанда нахустин қадамҳои устуворро барои ба эътидол овардани фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ муайян намуданд.
Дар ин хусус, хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз масъалаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва шартномаӣ, ҳамчунин, зарурати нигоҳ доштани сатҳи устувори кормандони сафорати худ дар Маскав нигарон аст.
“Ҳайати Амрикоро Соната Коултер, муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба Русия ва Аврупои Марказӣ ва ҳайати Русияро директори департаменти Атлантикаи Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафир Александр Дарчиев роҳбарӣ карданд” – зикр шудааст дар изҳороти расмӣ.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ба созиш расиданд, ки дар оянда боз мулоқот баргузор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки музокироти намояндагони Русия ва ИМА дар Истанбул 27-уми феврали соли 2025 баргузор гардид ва зиёда аз шаш соат идома кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”