Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд содироти нафтро шаш моҳ манъ кунанд
Мақомоти Қазоқистон дар ҳоли таҳия намудани лоиҳаи фармоне ҳастанд, ки тибқи он содироти нафти ин кишвар ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои шаш моҳ манъ мешавад.
Лоиҳаи манъи содироти шашмоҳаи нафти Қазоқистон дар портали “Открытые НПА” нашр гардидааст.
Тибқи иттилоъ, вазоратҳои энергетика, молия, корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии (КАМ)-и Қазоқистон лоиҳаи фармони муштарак “Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро таҳия кардаанд.
Ин фармон содироти нафти Қазоқистонро барои шаш моҳ ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупосиё” манъ мекунад.
“Айни замон дар кишвар афзоиши ғайримуқаррарии истеъмоли бензини навъи АИ-92 ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳаҷми содироти ғайриқонунии сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ (ГСМ) ҳар моҳ аз 10 то ба 15 ҳазор тонна мерасад. Сабаби асосӣ фарқияти нархҳо мебошад. Дар Қазоқистон нархи сӯзишворӣ 17-166% аз нархи кишварҳои ҳамсоя камтар аст”.
Ҳамчунин, бар асоси созишнома дар бораи таъминоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ Қазоқистон маҷбур аст, ки маҳсулоти нафтиро бо шароити таъминоти бидуни боҷ ворид намояд ва мутаносибан талаботи Русияро дар бори манъи реэкспорти сӯзишворӣ берун аз ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба назар гирад.
Бо ин сабаб, зарурати тақвияти назорати содироти нафтӣ пеш омадааст.” – таъкид мекунад Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Бар асоси иттилои расонаҳои қазоқистонӣ баррасии лоиҳаи фармони мазкур то 14-уми март идома хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”