27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
27.02.2025 19:13

Ҳамос ҷасади 4 асири Исроилро таҳвил дод. Исроил садҳо зиндонии фаластинро озод мекунад

Намояндагони Ҳамос чор ҷасади кушташудаи асирони исроилиро ба Салиби Сурх супорид. Дар пайи ин Исроил чандин асири фаластиниро озод кард.

Тибқи иттилои расонаҳо ҷасадҳо ба гузаргоҳи марзии Керем-Шалом интиқол дода шуданд. Ҳамзамон корвони автобусҳо бо маҳбусони фаластинии озодшуда ба шаҳри Рамаллоҳ, соҳили ғарбии дарёи Урдун расид.

Маълум нест, ки дар ин шаб чандин фаластинӣ озод шудааст ва оё дар ин шумора ҳамаи 602 маҳбусе, ки мебоист рӯзи шанбе дар ивази шаш гаравгони зиндамондаи исроилӣ озод карда мешуданд, дохил мешавад ё не.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Ҳамос розӣ шудаанд, ки ҷасади чор гаравгонро бидуни ҳузури камераҳо супоранд ва дар посух ҳукумати Исроил эълон кард, ки раванди озод кардани маҳбусонро идома медиҳад.

Хадамоти зиндонҳои Исроил дақиқ нагуфт, ки маҳбусон якбора озод хоҳанд шуд ё дар чанд марҳила. Яке аз мақомоти маҳаллии Исроил гуфт, ки раванди озодсозии асирони фаластинӣ марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Қаблан, сарвазири Исроил Бинямин Натанёҳу гуфта буд, ки озод намудани садҳо маҳбуси фаластиниро ба таъхир меандозад, то он замоне ки гаравгонҳои дигар озод шаванд ва ин бидуни “маросимҳои таҳқиромез” анҷом мегирад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе, 22-уми феврал Ҳамос дар доираи як табодули эҳтимолӣ шаш гаравгони исроилиро озод кард ва онҳоро ба намояндагони Салиби Сурх дар минтақаи Ғазза супорид.

Ин шаш нафар охирин асирони исроилие буданд, ки бар асоси марҳилаи аввали созишномаи оташбас озод мешуданд. Созишномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос бо миёнравии Қатар, Миср ва ИМА оғоз шуд.

Дар ҷараёни барқарории оташбас ду тараф табодули асиронро оғоз намуданд, ки то имрӯз идома дорад. ИМА, Қатар ва Миср талош мекунанд, ки оташбаси доимӣ дар Ғазза барқарор шавад. Ҳамос таъкид кардааст, ки агар оташбаси доимӣ дар Ғазза барқарор шавад, ҳозир аст, ҳамаи асирони исроилиро озод кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.