Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Юнус Қонунӣ: “Толибон дар соли ҷорӣ сарнагун мешаванд”
Муҳаммадюнус Қонунӣ дар як нишасти маҷозӣ ба хотири гиромидошти қумондони неруҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъкид кардааст, ки гурӯҳи террористии Толибон сарнагун хоҳад шуд.
Муҳаммадюнус Қонунӣ, муовини пешини Ҳомид Карзай ва узви Ҷабҳаи муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар ин суҳбат гуфтааст, ки мардуми Афғонистон шоҳиди як таҳаввулоти бузург дар оянда хоҳанд шуд.
Ин изҳороти сареҳи Муҳаммадюнус Қонунӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан ӯ дидгоҳҳои муҳофизакорона нисбат ба таҳаввулоти сиёсии Афғонистон дошт ва ин бор бошад ба таври қатъӣ аз сарнагунии эҳтимолии гурӯҳи террористии Толибон сухан гуфт.
Қонунӣ гуфт, ки ин гурӯҳ на ба далели ихтилофоти роҳбарони Толибон, балки ба далели иттиҳоди ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомии мухталаф ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз байн хоҳад рафт.
Изҳороти Муҳаммадюнус Қонунӣ, узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Абдураб Сайёф Расул, яке аз аъзои шинохтаи ин ҷабҳа ба Теҳрон рафт. Расонаҳо хабар доданд, ки Абдураб Сайёф Расул бо роҳбарони Эрон, аз ҷумла роҳбари инқилоби Эрон Сайид Алии Хоманаӣ дидор ва мулоқот доштааст.
Фишорҳои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ болои гурӯҳи Толибон афзудааст. Дар нишасти ахири Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аксари кишварҳои таъкид карданд, ки Афғонистон ба пойгоҳҳои амни гурӯҳҳои террористӣ табдил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”