Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қамчибек Ташиев: “Раванди расмиятбахшии созишномаҳои сарҳадӣ як моҳро дар бар мегирад”
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев таъкид кард, 27-уми феврал созишнома дар бораи делимитатсияи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон барои баррасӣ ба комитетҳои марбутаи парлумон пешниҳод мешавад. Қамчибек Ташиев ин масъаларо рӯзи 26-уми феврал ҳангоми санги асос гузоштан ва оғози сохтмони варзишгоҳи нав дар вилояти Бодканд баён кард.
Қамчибек Ташиев дар суҳбат бо сокинони вилояти Бодканд таъкид кард, ки баҳси марзӣ ҳал шудааст ва масъалаи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои имзошуда як моҳро дар бар хоҳад гирифт.
“Пагоҳ (манзур 27 феврал) дар маҷлиси якҷояи комитетҳои парлумон ин масъала муҳокима мешавад. Баъди он сарварони ду кишвар ҳуҷҷатҳоро имзо мекунанд. Мо барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро дар маҷлиси васеъ баргузор мекунем. Баъди он сарони ду кишвар ҳуҷҷатҳоро имзо мекунанд, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Ҳамаи ин корҳо дар давоми як моҳ анҷом хоҳад ёфт” - таъкид кард Қамчибек Ташиев.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев созишномаҳои ниҳоии сарҳадиро ба имзо расониданд. Баъди имзои ин санадҳо ҳар ду тараф таъкид карданд, ки масъалаи баҳси марз миёни ду кишвар ҳал шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”