27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
27.02.2025 07:00

Конслери эҳтимолии Олмон ба ояндаи НАТО шубҳа кард

Фридрих Мертс, сарвазири эҳтимолии Олмон изҳори шубҳа кард, ки эътилофи низомӣ-амниятии аврупоии НАТО то моҳи июн дар шакли кунунии худ боқӣ монад. Ӯ ин изҳоротро дар посух ба суханони Доналд Трамп, президенти ИМА баён карда, афзуд, ки Аврупо бояд ҳарчӣ зуд қобилияти дифоии мустақилро рушд диҳад.

Ба гузориши “Рейтерс” Мертс пас аз пирӯзии ҳизби муҳофизакораш дар интихоботи федералии Олмон, дар як барномаи телевизионӣ гуфт: “Ман ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки маҷбур мешавам чунин чизеро дар як барномаи телевизионӣ гӯям, аммо баъди суханони ҳафтаи гузаштаи Доналд Трамп маълум шуд, ки ин ҳукумат (ИМА) ба сарнавишти Аврупо аҳамияти зиёд намедиҳад”.

Ҳукумати Трамп ҳафтаи гузашта муттаҳидони аврупоиро ба тааҷҷуб во дошт ва аз онҳо талаб кард, ки масъулияти амнияти худро ба уҳда гиранд ва камтар аз Иёлоти Муттаҳида вобаста бошанд. Ҳамзамон, Вашингтон гуфтугӯҳоро бо Русия барои хотима додани ҷанги Украина оғоз кард, бидуни он ки Аврупоро дар ин раванд ҳамроҳ созад.

Пит Ҳегсет, вазири дифои ИМА, ҳушдор дод, ки "воқеиятҳои сахти стратегӣ" амрикоиҳоро водор месозад, таваҷҷуҳашонро ба амнияти Аврупо кам кунанд.

Бо ишора ба нишасти НАТО, ки барои моҳи июн ба нақша гирифта шудааст, Мертс гуфт: "Ман кунҷкоб ҳастам, ки оё то он замон НАТО ҳанӯз дар шакли кунуниаш боқӣ мемонад ё мо маҷбур мешавем, хеле зуд қобилияти дифоии мустақили Аврупоро рушд диҳем".

Дар посух ба суханони Мертс, Каспар Велдкамп, вазири корҳои хориҷии Нидерланд, гуфт: "Ин нишон медиҳад, ки мо дар оғози як давраи нав қарор дорем. Даврае, ки пас аз суқути Девори Берлин оғоз шуд ва ҳоло ба анҷом расидааст. Аврупоиҳо бояд интизориҳои воқеӣ аз муносибатҳои худ бо ИМА дошта бошанд."

Мертс рӯзи ҷумъа дар шабакаи телевизионии “ZDF” гуфт, Олмон бояд барои он омода бошад, ки Трамп шояд ба уҳдадориҳои дифои дастаҷамъии НАТО бе қайду шарт пойбанд намонад. Ӯ таъкид кард, ки ин масъала метавонад ба вобастагии Олмон ба "чатри атомии" ИМА низ таъсир расонад ва пешниҳод кард, ки музокироте бо Фаронса ва Британияи Кабир барои дастгирии атомии онҳо баргузор шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.