Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арзиши созишномаи маъданҳои ноёби Украина бо Амрико 1 триллион доллар аст
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки Украина оид ба имзои созишнома бо Амрико дар хусуси истихроҷи маъданҳои камёби ин кишвар ба созиш расидааст. Тибқи гузориш, арзиши созишномаи мазкур 1 триллион доллар аст.
Дар ин бора президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ додааст. Доналд Трамп гуфтааст, ки Украина ба имзои созишнома мувофиқат кардааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ба сафари Владимир Зеленский ба Кохи сафед мухолифате надорад.
“Ин як созишномаи хеле бузург аст ва мумкин арзиши он ба 1 триллион доллар расад” – таъкид кардааст Доналд Трамп.
Ӯ дар идома афзудааст, ки Амрико дар шароити феълӣ ҳеч гуна кумаки низомӣ ба Украина ирсол нахоҳад кард. Ӯ бо ишора ба ин ки Киев то замони расидан ба як созиш барои ҳаллу фасли буҳрони Украина аслиҳа ва таҷҳизоти кофӣ барои идомаи ҷанг дорад, гуфт: “Дар оянда низ масъулияти таъмини кумакҳои низомӣ барои Украина ба уҳдаи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд”.
Қаблан, рӯзномаи “Файнэншл Таймс” бо истинод ба мақомоти украинӣ хабар дод, ки Украина барои имзои созишномаи маъданҳои камёб бо Амрико бар асоси шартҳои нав мувофиқат намудааст.
“Киев бо шартҳои созишномаи маъданӣ бо Вашингтон мувофиқат кардааст ва зоҳиран Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз талаби худ барои дарёфти 500 миллиард доллар аз даромади эҳтимолии захираҳои табиӣ даст кашад” – менависад ин рӯзнома.
Инчунин, дар созишномаи зикршуда ҳеч ишорае ба “кафолатҳои амниятӣ” аз сӯйи ИМА ба Украина ишора нашудааст. Мақомоти Украина низ гуфтаанд, Киев омода шудааст созишнома бо Амрико дар хусуси истихроҷи муштараки маъданҳои камёб, аз ҷумла нафт ва газро имзо кунад. Зикр шудааст, ки шароити созишнома ба манфиати Украина тағйир ёфтааст.
Ҳар ду ҷониб қарор аст дар рӯзҳои оянда ҷузъиёти созишномаро ниҳоӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”